Овозхон Сафармуҳаммад намоҳанги нави худ – «13»-ро муаррифӣ намуд

Овозхони ҷавон Сафармуҳаммади Рустам намоҳанг (клип)-и нави худро таҳти унвони “13” дар Душанбе муаррифӣ намуд. Сарфи назар аз одатҳо, ки рақами 13-ро шуму фалокатбор медонанд, ӯ онро барои худ хушбахт мешуморад, зеро санаи 13-ум ба дунё омадаву албоми нави худро “13” номгузорӣ кард ва дар ин албом 13 асари мусиқӣ ҷой дода шуда, суруди асосиаш […]

Нигора Фазлиддин, Asia-Plus

Овозхони ҷавон Сафармуҳаммади Рустам намоҳанг (клип)-и нави худро таҳти унвони “13” дар Душанбе муаррифӣ намуд.

Сарфи назар аз одатҳо, ки рақами 13-ро шуму фалокатбор медонанд, ӯ онро барои худ хушбахт мешуморад, зеро санаи 13-ум ба дунё омадаву албоми нави худро “13” номгузорӣ кард ва дар ин албом 13 асари мусиқӣ ҷой дода шуда, суруди асосиаш ҳам “13” аст.

Клип 4 дақиқа давом карда, дар Ҳисору Муъминобод, ҷойе, ки ҳанӯз замони шӯравӣ лаҳзаҳои филми “Рустам ва Суҳроб” наворбардорӣ шудааст, таҳия шудааст. Дар намоҳанг сарулибос низ аз ин филм истифода шудааст.

Дар наворбардории намоҳанг ҳунармандону блогернависон ва дигар афроди маъруфи касби худ, аз ҷумла ҳунарпешаи театру кино Моҳпайкар Ёрова, фаъоли ҷомеа Муҳаммад Ризоев, сароянда Меҳринигор Рустам, блогерон Рафаел Гулов ва Шоира Пӯлодова, модел Зарнигор иштирок кардаанд. Муаллифи суруд ровии маъруфи тоҷик Орзу Исоев мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.