Дурӯғ | Қатли оммавии 200 сагу гурба дар Тоҷикистон

4-уми январи соли 2021 сомонаи «Asia Times» хабареро таҳти сарлавҳаи «Дар Тоҷикистон қатли оммавии 200 сагу гурба анҷом дода шуд – сари онҳоро буриданд» («В Таджикистане произошло массовое убийство 200 собак и кошек – им перерезали горло») нашр кард (бойгонӣ). Дар хабар гуфта мешавад, ки гӯиё дар Тоҷикистон бетаваҷҷуҳӣ ва бераҳмӣ нисбат ба ҳаёти ҳайвонот маъмул гашта, […]

factcheck.tj

4-уми январи соли 2021 сомонаи «Asia Times» хабареро таҳти сарлавҳаи «Дар Тоҷикистон қатли оммавии 200 сагу гурба анҷом дода шуд – сари онҳоро буриданд» («В Таджикистане произошло массовое убийство 200 собак и кошек – им перерезали горло») нашр кард (бойгонӣ).

Дар хабар гуфта мешавад, ки гӯиё дар Тоҷикистон бетаваҷҷуҳӣ ва бераҳмӣ нисбат ба ҳаёти ҳайвонот маъмул гашта, то ҳатто ин масъала дар сатҳи қонунгузорӣ бардошта намешавад ва ҳамеша дар ҳошияи ислоҳот боқӣ мемонад.

Ин хабарро чанде аз корбарон дар шабакаи иҷтимоии Facebook бознашр кардаанд (бойгонӣ), ки баҳсу баррасиҳои гуногунро ба вуҷуд овард.

Ҳукмнома: Дурӯғ

Аслан, хабари мазкур ба Тоҷикистон ҳеч рабте надорад, чун хабаргузории «Asia Times» ин маводро аз дигар расонаҳои хабарӣ гирифта, ба ҷои «Якутск» номи «Тоҷикистон»-ро истифода бурдааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Зимни ҷустуҷӯ маълум гардид, ки сомонаи NEWSRU.com ҳанӯз дар таърихи 9-уми марти соли 2020 бо ҳамин унвон хабареро ба нашр расонид (бойгонӣ), ки гуфта мешавад, ҳимояткунандагони ҳайвонот дар минтақаи Якутски Федератсияи Русия 153 сагу 48 гурбаи сарбуридаро, ки 7-уми марти соли 2020 кушта шудааст, пайдо кардаанд.

Инчунин, хабаргузориҳои Лента.Ру (бойгонӣ) ва Новая газета (бойгонӣ) хабари мазкурро 12-уми марти соли 2020 ба нашр расонидаанд.

Дар бораи ин ҳодиса ҳатто шаҳрдори Якутск Сардана Авксентева дар саҳифаи «ВКонтакте»-и худ вокуниш нишон додааст (бойгонӣ).

Ҳарчанд сарлавҳаи хабарро сомонаи «Asia Times» аз сарчашмаҳои болозикр истифода кардааст, вале матни хабарро аз як қисмати маводи сомонаи «Азия-Плюс» (бойгонӣ) гирифтааст, ки дар матни аслӣ дар бораи куштори ин миқдор ҳайвонот аслан ҳарфе вуҷуд надорад.

Хулоса

Дар наиҷаи далелсанҷӣ муайян гардид, ки куштори 200 сар сагу гурбаҳо аслан моҳи марти соли 2020 дар Якутск рух додааст ва онҳоро гӯиё бо гумони дар алоқа будан бо ҳайвоноти ҳорӣ (девона) куштаанд. Вале сомонаи «Asia Times», ки 4-уми январи соли 2021 бо нашри ин хабар макони рухдоди онро ба Тоҷикистон рабт додааст, «Дурӯғ» мебошад.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон  “Се нуқтаБидончиро мебинӣ!” нашр шудаастБа саҳифаи “Се нуқтаБидончиро мебинӣ! дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонедБидон, чиро мебинӣ!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.