Лимити барқ бозгашт. Ин бор расман

Сар аз соати 23-и рӯзи 5-уми январ дар деҳоти Тоҷикистон лимити барқ ё реҷаи додани он ҷорӣ мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати кишвар ба "Азия-Плюс" хабар дод.  Аз соати 23 то 6-и субҳ ба хонаводаи аксари аҳолии Тоҷикистон барқ  дода намешавад.  Бино ба гуфти манбаъ ин тасмим бар пояи кам шудани сатҳи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сар аз соати 23-и рӯзи 5-уми январ дар деҳоти Тоҷикистон лимити барқ ё реҷаи додани он ҷорӣ мешавад. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати кишвар ба "Азия-Плюс" хабар дод. 

Аз соати 23 то 6-и субҳ ба хонаводаи аксари аҳолии Тоҷикистон барқ  дода намешавад. 

Бино ба гуфти манбаъ ин тасмим бар пояи кам шудани сатҳи оби  обанбори НБО Норак гирифта шудааст, ки айни ҳол дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4 метр поинтар будааст. 

Бозгашти лимит дар ҳолест, ки Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз омадани хунукиҳои сибирӣ ба кишвар дар давоми ин ҳафта хабар медиҳад.

То чӣ вақт ин реҷаи додани барқ давом мекунад манбаъ хабар надод. Ҳамчунин манбаъ нагуфт, ки ин реҷаи додани барқ кадом шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои ҷумҳуриро фаро мегирад. 

Вале ин манбаъ ба "Азия-Плюс" бо бовари қатъӣ гуфт, ки  дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя барқ содирот намекунад. 

Тирамоҳи имсол то 10-уми декабр  сокинони манотиқи гуногуни Тоҷикистон аз он шикоят мекарданд, ки дар хонаҳояшон қувваи барқ барои соатҳои дароз қатъ мешаванд ва онҳо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 4-6 соат барқ доранду халос. Аммо ширкати "Барқи тоҷик" вуҷди лимити барқро дар кишвар инкор мекард ва мегуфт, ки ин ба корҳои таъмиру пешгирӣ дар шабакаҳои барқӣ ва зеристгоҳҳо рабт дорад, ки имсол бар асари коронавирус дертар оғоз шуданд. 

Аз 10-уми декабр ба ин сӯ тамоми деҳот, ноҳияҳо ва шаҳрҳои кишвар ба барқи доимӣ таъмин шуданд. Вале он замон бархе аз коршиносони  захираҳои обиву энержӣ ба андозае басанда нестанд, ки барқи доимӣ то баҳор таъмин шавад ва эҳтимоли ҷорӣ шудани лимитро тахмин мезаданд. 

Имсол камбуди барқ ҳукумати Тоҷикистонро маҷбур кард, ки барои сарфакорона аз ҳисоби ниҳодҳои давлатӣ Ситоди вижа таъсис бидиҳад ва ин ниҳод ба санҷиши истифодаи дурусти барқ дар кишвар масъул шуд. 

Эмомалӣ Раҳмон президенти Тоҷикистон ҳам дар паёми табрикии солинавияш  аз сокинони кишвар талаб кард:

«Агар мо хоҳем, ки фасли зимистонро бе азобу мушкилӣ гузаронем ва зарурати маҳдуд кардани интиқоли барқ пеш наояд, бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва коргоҳу корхонаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, ба истифодаи сарфакоронаву боинсофонаи нерӯи барқ дар давраи зимистон эътибори аввалиндараҷа диҳанд».

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?