Мутахассиси футболи тоҷик сармураббии қаҳрамони чоркаратаи Қирғизистон таъин шуд

Мутахассиси футболи тоҷик Нуъмонҷон Юсупов, ки қаблан дар дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” кор мекард, расман сармураббии дастаи “Олой”-и Ош, қаҳрамони чоркаратаи футболи Қирғизистон таъин шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, маросими муаррифии Нуъмонҷон Юсупов ба сифати сармураббии тими “Олой” рӯзи 5 январ дар шаҳри Ош баргузор шуд. Мутахассиси тоҷик дастаро ба мавсими […]

Asia-Plus

Мутахассиси футболи тоҷик Нуъмонҷон Юсупов, ки қаблан дар дастаҳои “Истиқлол” ва “Хуҷанд” кор мекард, расман сармураббии дастаи “Олой”-и Ош, қаҳрамони чоркаратаи футболи Қирғизистон таъин шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Федератсияи футболи ҷумҳурӣ, маросими муаррифии Нуъмонҷон Юсупов ба сифати сармураббии тими “Олой” рӯзи 5 январ дар шаҳри Ош баргузор шуд.

Мутахассиси тоҷик дастаро ба мавсими нави футбол дар мусобиқаи Чемпионати Қирғизистон ва Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2021, ки тими “Олой” ҳамчун барандаи Ҷоми футболи Қирғизистон имсол дар он ширкат меварзад, омода мекунад.

Нуъмонҷон Юсупов қаблан дастаҳои “Хуҷанд” ва “Истиқлол”-и Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард. Соли 2016 ҳамроҳ бо дастаи “Истиқлол” ҷоизаҳои қаҳрамонии мавсимро ба даст оварда, соҳиби Ҷоми футболи Тоҷикистн шуд. Соли 2019 “Хуҷанд” таҳти сарварии Юсупов бори нахуст ба даври гурӯҳии Ҷоми КФО роҳхат гирифт.

Охирин ҷойи кори Нуъмонҷон Юсупов мактаби футболи “Спартак Юниор”-и шаҳри Пензаи Русия буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.