Сокини Кӯлоб аз падари маъшуқааш пул талаб карда, ба даст афтод

Кормандони милитсияи шаҳри Кӯлоб ба гумони даст доштан дар тамаъҷӯӣ марди 27-солаи сокини маҳаллиро боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин мард сар аз моҳи августи соли гузашта муддати 6 моҳ ба падари ҷавонзани 24-сола мегӯяд, ки бо духтараш муносибати ошиқона дорад ва агар ба ӯ пул надиҳад, онҳоро бадному шарманда мекунад. […]

Asia-Plus

Кормандони милитсияи шаҳри Кӯлоб ба гумони даст доштан дар тамаъҷӯӣ марди 27-солаи сокини маҳаллиро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин мард сар аз моҳи августи соли гузашта муддати 6 моҳ ба падари ҷавонзани 24-сола мегӯяд, ки бо духтараш муносибати ошиқона дорад ва агар ба ӯ пул надиҳад, онҳоро бадному шарманда мекунад.

“Нахуст ӯ 13,5 ҳазор сомонӣ гирифта, лекин 4 январ бори навбатӣ ба падари ҷваонзан занг мезанад ва аз ӯ боз 18 ҳазори дигар пул талаб мекунад, – омадааст дар хабари ВКД. – Боз таҳдид мекунад, ки дар сурати пардохт нашудани пул, маводҳои бадномкунанда нисбати духтари ӯро дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ба нашр мерасонад”.

Гуфта мешавад, тамаъҷӯй ҳангоми гирифтани 1,5 ҳазор сомонӣ пул бо далели шайъӣ боздошт шудааст.

Нисбат ба ин мард мутобиқи моддаи 250 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Тамаъҷӯӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, дар ин моддаи то 12 соли маҳрумият аз озодӣ ҷазо пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.