Садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи Исфара-Хуҷанд

Бар асари як садмаи нақлиётии мудҳиш субҳи 6-уми январ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара ронанда ва як мусофир дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, се тан аз мусофири дигар бо бардошти ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол ёфтанд. Дар ин бора як манбаъ аз Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо […]

Бар асари як садмаи нақлиётии мудҳиш субҳи 6-уми январ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара ронанда ва як мусофир дар ҷойи ҳодиса ҷон бохта, се тан аз мусофири дигар бо бардошти ҷароҳати ҷисмонӣ ба беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров интиқол ёфтанд.

Дар ин бора як манбаъ аз Раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд бо ирсоли чанд акас ба “Азия-Плюс” хабар дод. Манбаъ афзуд садама соати 6:40 дақиқаи 6-уми январ дар мавзеъи Арқаи ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара рух додааст.

“Мошини “Мерседес Бенс” ҳангоми ҳаракат аз самти Исфара ба Хуҷанд, ки онро ронандаи 18-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чилгазии шаҳри Исфара идора мекард ба мошини “Дулан” бархурдааст. Ронандаи мошини боркаши “Дулан”, сокини ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ будааст”.

Ба гуфтаи манба бархӯрди мошинҳо ба ҳаде шадид будааст, ки барои берун овардани ҷасадҳо аз дохили мошини Мерседес Бенс зарур шудааст, ки ба наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулода муроҷиат шавад. 

Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳандагони вилояти Суғд ба ҷойи рафта корҳои наҷотдиҳии садамаи техногениро гузаронидаанд. Манбаъ афзуд, дар ҷойи ҳодиса маълум гардид, ки ҳангоми бархӯрд ронандаи автомашинаи “Мерседес Бенс” ва як мусофираш дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида 3 тан аз мусофири дигар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. 

Дар ҳамин ҳол ҳувияти ронандаҳо ва нафарони ҳалокушда дар ин садамаи мудҳиш гуфта нашудааст. Аз Раёсати корҳои дохилӣ ва Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки аз ин садама хабар надоранд ва ҳисобот давоми рӯз ба дасти онҳо мерасад. Сабаби садама ҳоло дақиқ нашудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.