Твиттер саҳфаи Трампро баст

Шабакаи иҷтимоии Твиттер ҳисоби корбарии Доналд Трамп раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро муваққатан баст. Дар ин бора дар як навиштаи расмӣ дар саҳифаи расмии Twitter Safety омадааст. Ин шабака эълом кардааст, ки ҳисоби корбарии  Трампро барои 12 соат ба далели твитҳое, ки аксаран дар рӯзи чаҳоршанбе  дар бораи интихобот нашр кардааст, масдуд мекунад.  Твиттер гуфтааст, ки "ба далели […]

Asia-Plus

Шабакаи иҷтимоии Твиттер ҳисоби корбарии Доналд Трамп раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро муваққатан баст. Дар ин бора дар як навиштаи расмӣ дар саҳифаи расмии Twitter Safety омадааст.

Ин шабака эълом кардааст, ки ҳисоби корбарии  Трампро барои 12 соат ба далели твитҳое, ки аксаран дар рӯзи чаҳоршанбе  дар бораи интихобот нашр кардааст, масдуд мекунад. 

Твиттер гуфтааст, ки "ба далели ҳаводиси хушунатбори бесобиқаи ҷорӣ дар Вашингтон, мо дархост кардем , ки ҳисоби корбарии @realDonaldTrump, се твитти пештар нашркардаашро бинобар мухолиф ба сиёсати саломати ахлоқии мо будан ҳазф кунад. Ин ба  он маъност, ки баъди ҳазфи ин се твит ин ҳисоб барои 12-соати оянда дастнорас хоҳад буд",-изҳорот додааст Твиттер. 

Ҳарчанд ширкати Твиттер нагуфтааст, ки Тармп бояд кадом твитҳояшро ҳазф кунад, вале гуфтааст дар сурати такроран поймол кардани қоидаҳои саломати ахлоқии мо ҳисоби Тармпро барои муддатҳои номуайяне мебандад.

Бояд гуфт, ки саҳфаи расмии президенти барҳоли ИМА Доналд Трамп дар ҳоли ҳозир бештар аз 88 миллион обуначӣ дорад ва дар пасманзари ҳаводиси ҷории рӯзҳои ахир Трамп дар шабакаҳои иҷтимоӣ хеле фаъол буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.