Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон боз як гузаргоҳ ба кор даромад

Постгоҳи назоратӣ дар марзи Тоҷикистон (шаҳри Панҷакент) бо Ӯзбекистон (ноҳияи Ургут) – Саразм-Ҷартеппа барои содироту воридоти молу маҳсулот боз шуд. Минбаъд тоҷирони ҳар ду кишвари ҳамсоя барои содироту воридоти молу маҳсулоти худ ба кишварҳои ҳамдигар аз он истифода бурда метавонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон. Зикр шуд, ки равуои шаҳрвандони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Постгоҳи назоратӣ дар марзи Тоҷикистон (шаҳри Панҷакент) бо Ӯзбекистон (ноҳияи Ургут) – Саразм-Ҷартеппа барои содироту воридоти молу маҳсулот боз шуд.

Минбаъд тоҷирони ҳар ду кишвари ҳамсоя барои содироту воридоти молу маҳсулоти худ ба кишварҳои ҳамдигар аз он истифода бурда метавонанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

Зикр шуд, ки равуои шаҳрвандони тариқи ин постгоҳи назоратӣ дар сарҳад алҳол барқарор нашудааст.

Дар робита ба пандемияи коронавирус гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа моҳи марти соли гузашта пурра баста шуд. Аз ҳамон замон қариб ҳамаи постгоҳҳои назоратӣ дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон баста шуданд – аз 17 гузаргоҳ танҳо сетоаш – Турсунзода-Сариосиё, Мастчоҳ-Ойбек ва Спитамен-Плотина фаъолият карда, тариқи онҳо молу маҳсулоти байнулмиллӣ интиқол меёфт.

Аз 1 октябр Ӯзбекистон сарҳадҳояш, аз ҷумла марзҳои заминияшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муайян боз кард.

Ситоди фаврии ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавируси Ӯзбекистон қарор кард, ки минбаъд зимни убури қаламрави ин кишвар шаҳрвандон бояд экспресс-тести пулакӣ супоранд. Тартиби нави гузаштан аз сарҳад аз 25 декабри соли 2020 мавриди амал қарор мегирад.

Риояи ин тартиб аз касоне низ талаб хоҳад шуд, ки дар бораи ташхис бо натиҷаи манфии сироят аз COVID-19 маълумотнома (справка) доранд.

Экспресс-тест дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз ҳисоби пули шахсони ба ин кишвар воридшаванда гузаронида мешавад. Гузаштан аз тест 20 дақиқа вақтро мегирад.

Агар тест натиҷаи мусбат нишон диҳад, шахс дар муассисаҳои тиббии махсус оид ба муолиҷа аз сирояти коронавирус бистарӣ мегардад ё барои муолиҷа дар шароити хона фиристода мешавад.

Қобили зикр аст, ки айни замон барои равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳар ду кишвар тариқи сарҳади заминӣ қисман иҷоза дода шудааст. Алҳол барои се категорияи шаҳрвандон:

– ба шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд. Вақти гузаштани сарҳад донишҷӯён бояд бо худ дафтарчаи донишчӯӣ ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст;

– ба шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд. Ба онҳо низ дар баробари шиноснома пешниҳоди шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирус, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст, зарур мебошад;

ба шаҳрвандони кишварҳо, ки барои убури сарҳад аз Ситодҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба  муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.