БҶ барқароршавии суръати рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2021 пешгӯйӣ мекунад

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) рушди воқеии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон дар сатҳи 3,5% ва дар соли 2022 – то 5,5% пешгӯӣ мекунад, қайд мешавад дар гузориши моҳи январи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Дурнамои иқтисоди ҷаҳон”. “Дар Осиёи Марказӣ имсол барқароршавии суръати рушди иқтисод то 3% дар назар аст, ки ба он болоравии начандон зиёди нархҳо […]

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) рушди воқеии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон дар сатҳи 3,5% ва дар соли 2022 – то 5,5% пешгӯӣ мекунад, қайд мешавад дар гузориши моҳи январи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Дурнамои иқтисоди ҷаҳон”.

“Дар Осиёи Марказӣ имсол барқароршавии суръати рушди иқтисод то 3% дар назар аст, ки ба он болоравии начандон зиёди нархҳо ба ашёи хом ва афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ бо бештар фаъол гардидани иштироки кишварҳои минтақа дар амалисозии ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ”-и Чин мусоидат мекунад”, – таъкид мешавад дар гузориш.

Муаллифони гузориш қайд мекунанд, ки рушди иқтисоди кишварҳои минтақа бештар ба вазъи иқтисоди Русия вобаста буда, соли 2021 дар ин кишвар суръати рушди начандон зиёд – 2,6% пешбинӣ шудааст, чунки Русия бо зуҳуроти паҳншавии нави сирояти COVID-19 муқовимат мекунад.

“Интизорӣ меравад, ки ба афзоиши суръати рушди иқтисод ваксиназании оммавӣ, болоравии нархҳо ба ашёи хом барои саноати вазнин ва боқӣ гузоштани тадбирҳои дастгирии иқтисод мусоидат хоҳад кард”, – тахмин мекунанд иқтисодчиёни Бонки ҷаҳонӣ.

Қобили зикр аст, ки Русия шарики асосии тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ба шумор рафта, сеяки гардиши савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба он рост меояд. Маҳсулоти бештар зарурӣ ба Тоҷикистон аз Русия ворид шуда, Тоҷикистон дар навбати худ, ба бозори Русия қувваи корӣ мефиристад, ки интиқоли пул аз ҷониби онҳо ҳамасола аз 30 то 50%-и ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳаҷми сармоягузории мустақими андӯхтаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон наздики 1 млрд долларро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.