Садамаи нақлиёт дар роҳи Душанбе-Хуҷанд 5 кушта бар ҷой гузошт

Рӯзи 7 январ дар километри 80-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок ронандаи автомашинаи “Опел”, сокини 62-солаи ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷарии 400-метра сарозер меравад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ки ӯ бо суръати баланд ҳаракат мекардааст. Садама дар наздикии мавзеи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст. Замони […]

Asia-Plus

Рӯзи 7 январ дар километри 80-уми роҳи мошингарди Душанбе-Чанок ронандаи автомашинаи “Опел”, сокини 62-солаи ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба ҷарии 400-метра сарозер меравад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, ки ӯ бо суръати баланд ҳаракат мекардааст. Садама дар наздикии мавзеи Зимарғи ҷамоати деҳоти Анзоби ноҳияи Айнии вилояти Суғд рух додааст.

Замони рух додани ин ҳодиса дар автомашина 6 нафар – ҳама сокинони ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд ҳузур доштаанд.

“Мутаассифона, бар асари ҷароҳатҳои бардошта аз садама ронанда ва 4 мусофири автомашина, аз ҷумла 1 кӯдаки 7-сола дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд. Ҳамаи онҳо хешу табор ва ронанда ҳамсояашон будааст”, – иттилоъ медиҳад маркази матбуоти КҲФ.

Гуфта мешавад, боз як мусофири дигар – сокини 38-солаи ноҳияи Деваштич ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст.

“Сарфи назар аз чандин маротиба огоҳ кардан бобати ҳушёриро аз даст надодан зимни ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ дар фасли зимистон, бархе аз ронандагон онро ба инобат нагирифта, натиҷааш ҷон бохтани одамон мегардад”, – қайд мекунанд дар Кумита.

Дар ин робита, Кумита боисрор аз ронандагон дархост мекунад, ки хеле ҳушёр буда, ҳаёти худу мусофиронро зери хатар нагузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.