Путину Пашиняну Илҳом Алиев масъалаи Қарабоғро дубора баҳс мекунанд

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Илҳом Алиев раисҷумҳури Озорбойҷон ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян имрӯз дар Русия мулоқот мекунад. Гуфта мешавад дар ин мулоқот мавзуъи асосӣ ва ягонаи мавриди баҳс Кӯҳистони Қарабоғ аст. Ин иттилоро мақомҳои Кремлин нашр кардаанд.  Ба иттилои Кремл, дидори Путин бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон […]

Asia-Plus

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бо Илҳом Алиев раисҷумҳури Озорбойҷон ва сарвазири Арманистон Никол Пашинян имрӯз дар Русия мулоқот мекунад. Гуфта мешавад дар ин мулоқот мавзуъи асосӣ ва ягонаи мавриди баҳс Кӯҳистони Қарабоғ аст. Ин иттилоро мақомҳои Кремлин нашр кардаанд. 

Ба иттилои Кремл, дидори Путин бо Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон рӯзи душанбеи 11-уми январ дар Маскав баргузор мешавад. Дар иттилоияи Кремлин гуфта мешавад, ки Владимир Путин ба таври ҷудогона бо роҳбарони Озарбойҷон ва Арманистон дидор хоҳад кард.

Гуфта мешавад дар ин дидор масоили ҳалношудаи Кӯҳистони Қарабоғ бояд ба баҳс кашида шавад. 

“Диққати асосӣ ба масъалаи расондани кӯмак ба сокинони минтақа хоҳад буд, ки дар натиҷаи ҷанги ахир осеб дидаанд. Дар айни ҳол масъалаҳои барқарор кардани равобити тиҷорӣ ва доду гирифт низ гуфтугӯ мешавад,”-омадааст дар иттилоияи Кремл.

Тибқи тавофуқи оташбас, ки бо миёнҷигии Русия ҳосил шуд, бахши бузурги Қарабоғи Куҳӣ ва ҳафт минтақае, ки тақрибан 30 сол дар ихтиёри Арманистон буд, таҳти назорати Озарбойҷон даромад.

Бар пайи ин тақсимот дар Арманистон эътирозҳо алайҳи Никол Пашинян зиёд шуд ва муътаризин хостори истеъфои ӯ шуданд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.