Пандемия ҳаҷми мусофиркашониро дар Душанбе кам кард

Соли 2020 тариқи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе ба ҳудуди 245 млн нафар мусофирон хизмат расонида шуд, ки 8,3% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад, хабар медиҳад шаҳрдории Душанбе. Гуфта мешавад, дар шароити пандемияи коронавирус кам кардани шумори нақлиёти мусофирбар лозим омад, ки ба поинравии нишондиҳандаҳо боис гардид. Тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, дар Душанбе 4 корхонаи давлатӣ, […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Соли 2020 тариқи нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе ба ҳудуди 245 млн нафар мусофирон хизмат расонида шуд, ки 8,3% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад, хабар медиҳад шаҳрдории Душанбе.

Гуфта мешавад, дар шароити пандемияи коронавирус кам кардани шумори нақлиёти мусофирбар лозим омад, ки ба поинравии нишондиҳандаҳо боис гардид.

Тибқи маълумоти шаҳрдорӣ, дар Душанбе 4 корхонаи давлатӣ, 17 корхонаи хусусӣ ба мусофиркашонӣ машғул буда, 11 ширкат тариқи таксӣ хизматрасониҳои худро пешниҳод менамоянд.

Мусофиркашонӣ дар пойтахт бо 83 хатсайр сурат гирифта, 26 хатсайри автобус, 8 хатсайри тролллейбус ва 49 хатсайри микроавтобусҳо амал мекунанд.

Дар шаҳр зиёда аз 4835 ҳазор адад нақлиёти автомобилӣ барои хизматрасонӣ ба мусофирон амал мекунанд, аз ҷумла 528 адад нақлиёти давлатӣ, 1557 – микроавтобусҳои бахши хусусӣ ва 2650 адад таксӣ.

Ҳамарӯза дар шаҳр 365 адад автобус, 47 троллейбус, 1190 микроавтобусҳои бахши хусусӣ ва 1570 таксӣ равуо мекунанд.

Дар шаҳрдорӣ қайд мекунанд, ки давоми сол харидории зиёда аз 30 адад троллейбусҳои муосири истеҳсоли Беларус, ки бе сим (қувваи барқ) 15 километр ҳаракат карда метавонанд, дар назар аст.

Ҳамчунин харидории 50 адад автобусҳои истеҳсолкунандаи маҳаллии «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ба нақша гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.