Кумаки БОР ба рушди энергетика ва навсозии роҳҳои Тоҷикистон

Date:

Бонки осиёии рушд (БОР) ба ҳукумати Тоҷикистон барои татбиқи Барномаи рушди соҳаи энергетика, инчунин лоиҳаи “Устувории шабакаи роҳҳо” бебозгашт кумак мекунад.

Лоиҳаҳои дахлдори созишномаҳои грантӣ байни ҷонибҳо омода шуда, президенти Тоҷикистон бо амрҳои худ дастур додааст, ки сана ва макони имзои созишномаҳои зикргардида мувофиқа шавад.

Охири соли гузашта зикр гардида буд, ки БОР барои Тоҷикитсон кумаки бебозгаштро ба маблағи 105 млн доллар маъқул донист. Маблағҳо барои ислоҳот ва баланд бардоштани устувории молиявии бахши энергетикаи ҷумҳурӣ равона мешаванд.

Дар ислоҳот тақсимшавии “Барқи тоҷик” ба се ширкати мустақили истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ, инчунин ҳалли мушкили қарзҳои беҳад зиёди ширкат пешбинӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии БОР дар ҶТ Прадип Сривастава

Ғайр аз ин, дар бораи аз ҷониби БОР ҷудо шудани 67 млн доллар барои таъмиру навсозии қитъаҳои роҳи мошингарди дар вилояти Хатлон: Данғара-Оқмазор (28,7 км) ва Ҳулбук-Кангурт (59,5 км) хабар дода шуда буд.

Ҳадафи аслӣ аз татбиқи лоиҳаи мазкур ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани ин қитъаҳои роҳ, таъмини бехатарӣ дар роҳ ва беҳбуди алоқаҳои байнулмилалӣ унвон мешавад.

Қобили зикр аст, ки БОР соли 2020 нақшаи индикативии дастгирии бебозгаштро ба Тоҷикистон барзиёд иҷро кард: ҷумҳурӣ ба ҷойи 140 млн доллари пешбинишуда 320 млн доллар кумаки молиявӣ гирифт.

Шурӯъ аз соли 2018 Тоҷикистон аз БОР танҳо бар асоси бебозгашт кумак дастрас мекунад, то ки уҳдадориҳои нави молиявӣ сандуқи қарзии бе ин ҳам зиёди Тоҷикистонро душвортар нагардонанд.

БОР яке аз бузургтарин мададрасонони Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз соли 1998 то ин дам Бонки мазкур ба Тоҷикистон зиёда аз 1,9 млрд доллар ҷудо кардааст, ки беш аз нисфи он ба грантҳо рост меояд.

Давоми солҳои 2021-2023 ин ниҳоди молиявӣ дар шакли грант ба Тоҷикистон ҷудо кардани зиёда аз 323 млн долларро ба нақша гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...