Бузургтарин Маркази гармидеҳии Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад?

Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 бузургтарин чунин неругоҳ дар Тоҷикистон буда, айни замон аз ҳама бештар муҷаҳҳаз ва муосиртарин дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Барои сохтмони он 349 млн доллар маблағ харҷ шуд. Аз ҳаҷми истеҳсоли барқ ва гармӣ дар он огаҳӣ ёфтем. Марказ ба ду навбат тақсим шуда, дар ҳар дуяш ҳам неруи барқ ва […]

Азамат Зиёев, Баҳриддин Давлатов, Asia-Plus

Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 бузургтарин чунин неругоҳ дар Тоҷикистон буда, айни замон аз ҳама бештар муҷаҳҳаз ва муосиртарин дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Барои сохтмони он 349 млн доллар маблағ харҷ шуд. Аз ҳаҷми истеҳсоли барқ ва гармӣ дар он огаҳӣ ёфтем.

Марказ ба ду навбат тақсим шуда, дар ҳар дуяш ҳам неруи барқ ва гармӣ истеҳсол карда мешавад.

Дар кори истеҳсоли энергия дар ин ҷо саҳми шахси алоҳида начандон зиёд аст. Дар дегҳои калон об бо ангишт гарм шуда, дар идома буғ ба турбина меравад ва онҳоро давр мезанонад. Дар он ҷо генератор низ ҳаст, ки таҳти фишор давр мезанад ва ба ин тариқ ҷараёни барқ ҳосил мешавад. Ҳамин буғ ба дастгоҳҳои табодули гармӣ дода шуда, аз он ҷо ба низоми гармидиҳӣ фиристода мешавад.

Ҳамаи ҷараёни корро компютеру дастгоҳҳо ҳисоб мекунанд. Кормандон бодиққат нишондиҳандаҳоро пайгирӣ мекунанд.

Дар панҷараҳо (шитҳо)-и низ компютерҳо насб шудаанд, ки ҷараёни кори ду навбатро пайгирӣ мекунанд. Ин эҳтиёт аз омили инсонӣ аст. Агар дар навбати аввал нуқсро пай набаранд, дар дуюмаш ҳатман огаҳӣ меёбанд.

Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 ноҳияи Сино ва Исмоили Сомониро бо гармӣ таъмин мекунад. Неруи барқ ба ҳалқаи умумӣ интиқол ёфта, аз он ҷо ба саросари кишвар тақсим мешавад. Соли гузашта дар марказ ҳамагӣ қариб 1,4 млрд кВт/соат неруи барқ ва 411.000 гигокалорий гармӣ истеҳсол шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.