Зимистони пас аз баҳор. Тоҷикистон барфпӯш шуд

Пас аз рӯзҳои бардавоми офтобӣ, ки ҳарорат то 20 даораҷа гарм шуд, ба ҷумҳурӣ боз зимистон баргашт, бо боришоти зиёд. Шаби гузашта дар ҷумҳурӣ барфи зиёд борида, барфрезӣ то ҳол идома дорад. Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, ин боришот бар асари бархӯрди гармии ҷануб бо ҳавои арктикӣ ба вуҷуд омада, ба боришоти шадид, бӯрону яхбандӣ ва шамоли […]

Asia-Plus

Пас аз рӯзҳои бардавоми офтобӣ, ки ҳарорат то 20 даораҷа гарм шуд, ба ҷумҳурӣ боз зимистон баргашт, бо боришоти зиёд.

Шаби гузашта дар ҷумҳурӣ барфи зиёд борида, барфрезӣ то ҳол идома дорад.

Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, ин боришот бар асари бархӯрди гармии ҷануб бо ҳавои арктикӣ ба вуҷуд омада, ба боришоти шадид, бӯрону яхбандӣ ва шамоли сахт боис гардид.

Имрӯз роҳҳо пур аз барфтӯда буда, ях бастанд.

Дар минтақаҳои кӯҳистони ноҳияҳои тобеи марказ, нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор ва дар ғарби ВМКБ тармафароиҳо дар назар аст.

Дар сомонаи Агентии обуҳавошиносӣ қайд мешавад, ки шоми рӯзи шанбе ҳаво соф мешавад.

Ва табиист, ки сардӣ низ ҳукмфармо мешавад.

Дар ноҳияҳои водибуда шабона 5-100 хунук, рӯзона аз 1-60 хунук то -2+30, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 8-130 хунук, рӯзона 1-60 хунук мешавад.

Дар ноҳияҳои кӯҳии вилояти Суғд шабона 15-200 хунук, рӯзона 6-110 хунук, дар ноҳияҳои кӯҳии НТҶ 13-180 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 21-260 хунук, рӯзона 6-110 хунук мешавад.

Гуфта мешавад, дар ноҳияҳои ғарбии ВМКБ шабона 9-140 хунук, дар баъзе ноҳияҳо 17-220 хунук, рӯзона 5-100 хунук, дар шарқи ВМКБ шабона 29-340 хунук, дар баъзе ноҳияҳо 37-420 хунук, рӯзона 11-160 хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 19-240 хунук (дар мавзеи Булулункӯл шабона 50-520 хунук, рӯзона 27-290 хунук) мешавад.

То 27 январ дар ҷумҳурӣ боришот дар назар нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст