Дар бозори “Султони Кабир”-и Душанбе сӯхтор сар зад (навшуда)

Шунавандагони радиои “Азия-Плюс” навори видеоро фиристоданд, ки дар он сӯхтор дар ин бозор дида мешавад. Тавре аз навори видео бармеояд, рафу дӯконҳои савдои қафои бозор, ки дар он ҷо резинаи чархи автомашинаҳо (покришка) фурӯхта мешавад, аланга гирифта, аз он ҷо дуд мебарояд. Айни замон даҳҳо гурӯҳҳои оташнишонӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд. Хомӯш кардани сӯхтор алҳол муясаар […]

Asia-Plus

Шунавандагони радиои “Азия-Плюс” навори видеоро фиристоданд, ки дар он сӯхтор дар ин бозор дида мешавад.

Тавре аз навори видео бармеояд, рафу дӯконҳои савдои қафои бозор, ки дар он ҷо резинаи чархи автомашинаҳо (покришка) фурӯхта мешавад, аланга гирифта, аз он ҷо дуд мебарояд.

Айни замон даҳҳо гурӯҳҳои оташнишонӣ дар ҷойи ҳодиса қарор доранд. Хомӯш кардани сӯхтор алҳол муясаар нашуда истодааст, хабар доданд ба "Азия-Плюс" аз Раёсати оташнишонӣ.

"Майдони фарогирифтаи оташ хеле зиёд аст, дар ҷойи ҳодиса даҳҳо мошинҳои оташнишонӣ машғули коранд, аз дигар ноҳияҳо ҳам гурӯҳҳҳои оташнишонӣ омаданд", – гуфт манбаъ. 

Зимнан зикр шуд, ки намояндагони ВКД, КҲФ ва шаҳрдори пойтахт дар фурсати наздиктарин ба ҷойи ҳодиса ҳозир мешаванд.

Дар бораи қурбониёну осебдидагон аз ин сӯхтор алҳол маълумот дастрас нест.

Қобили зикр аст, ки "Султони Кабир" бозори фурӯши масолеҳи сохтмон буда, тобистони соли 2018 низ дар ин ҷо сӯхтор ба амал омада буд, ки майдони 1,2 ҳазор метрро фаро гирифта буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.