Сохторҳои қудратӣ тарзҳои саркӯб намудании эътирозҳои имконпазирро таҷриба карданд

Дар қаламрави қисми ҳарбии №3501 дар Хуҷанд машқҳои таълимӣ-дастурии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд баргузор шуданд. Сохторҳои қудратӣ тарзу усули саркӯб намудани эътироз ва бетартибиҳоро дар амал санҷиданд. Мувофиқи фарзияи машқҳо, як гуруҳи эътирозгарон зидди қатъи интиқоли барқ ошӯб бардошта, кормандони милитсия иштирокчиёни фаъоли гирдиҳамойиро боздошт ва бо ёрии гази ашковар ва обпошакҳо боқимонда эътирозгаронро […]

Asia-Plus

Дар қаламрави қисми ҳарбии №3501 дар Хуҷанд машқҳои таълимӣ-дастурии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд баргузор шуданд. Сохторҳои қудратӣ тарзу усули саркӯб намудани эътироз ва бетартибиҳоро дар амал санҷиданд.

Мувофиқи фарзияи машқҳо, як гуруҳи эътирозгарон зидди қатъи интиқоли барқ ошӯб бардошта, кормандони милитсия иштирокчиёни фаъоли гирдиҳамойиро боздошт ва бо ёрии гази ашковар ва обпошакҳо боқимонда эътирозгаронро пароканда карданд.

Бино ба маълумоти ВКД, ин машқҳо, ки муддати як ҳафта идома доштанд, ба “нигаҳдории тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳаёти шаҳрвандон ва ҳимоя аз моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ замони рух додани гирдиҳамойиҳо ва эътирозҳо” равона гардидаанд.

Дар сомонаи ВКД қайд мешавад, ки гузориши мухтасар дар намоиши телевизионӣ пешниҳод карда шуда, баъзе шабакаҳои иҷтимоӣ ин машқҳоро ҳамчун ҳақиқати ҳол нишон доданд.

Қобили зикр аст, ки чандин сол инҷониб Тоҷикистон дар мавсими зимистон ба мушкили камбуди барқ дучор мешавад. Соли 2017 ҳукумат изҳор дошт, ки дигар реҷаи маҳдуди истифодаи барқ (лимит) пурра аз байн бардошта шуд, лекин охири соли 2020 ва аввали соли равон дар манотиқи деҳоти кишвар расман реҷаи маҳдуди истифодаи барқ ҷорӣ шуд.

Ҳукумат мегӯяд, ба ҷорӣ кардани лимит маҷбур аст, зеро сатҳи об дар обанборҳо, аз ҷумла обанбори Норак, ки дар сарбанди он неругоҳи имрӯз пуриқтидортарин дар Тоҷикистон сохта шудааст, босуръат поин рафт.

Дар Тоҷикистон тибқи қонун ба баргузории эътирозҳои осоишта иҷоза дода шудааст, лекин бо гирифтани розигии ҳукумат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.