Аз 31 то 931 сомонӣ: Фурӯши билетҳои Ҷоми ҷаҳонии футболи Қатар-2022 оғоз шуд

Фурӯши билетҳои сабқатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022, ки соли дигар дар давлати Қатар баргузор мешаванд, оғоз шудааст. Дар ин бораи Сафорати Қатар дар Тоҷикистон дар саҳфаи истогроми худ хабар додааст. Сафорат бо такя ба Кумитаи олии лоиҳаҳо ва мероси Қатар эълон мекунад, ки аз санаи 21 январи соли 2021 фурӯши билетҳо барои иштирок дар Ҷоми Ҷаҳон […]

Фурӯши билетҳои сабқатҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол 2022, ки соли дигар дар давлати Қатар баргузор мешаванд, оғоз шудааст. Дар ин бораи Сафорати Қатар дар Тоҷикистон дар саҳфаи истогроми худ хабар додааст.

Сафорат бо такя ба Кумитаи олии лоиҳаҳо ва мероси Қатар эълон мекунад, ки аз санаи 21 январи соли 2021 фурӯши билетҳо барои иштирок дар Ҷоми Ҷаҳон “FIFA Qatar 2022” шуруъ шудааст.

Дар нашри ин хабарномаи сафорат гуфта мешавад, ки хоҳишмандон метавонанд барои харидории билет ба сомонаи электронии www.FIFA.COM/Tickets муроҷат кунанд.

Нархи билетҳо мувофиқи 3 категория бо арзиши аз 10 риёли қатарӣ ( тахминан 31. 04 сомонӣ  ) то 300 риёли қатарӣ ( тахминан 931.24 сомонӣ)  ба фурӯш мерасанд.

Ҳамчунин давлати Қатар вобаста ба ҳамагирии бемори коронавируси COVID 19 чанд қоидаи беҳдоштиеро низ барои иштирок дар мусобиқаҳо пешниҳод кардааст.

Бино ба иттилои Сафорат ҳар касе, ки воксини COVID 19 шуда бошад метавонад билет харидорӣ намуда, бо нишон додани шаҳодатнома (сертификат)-и воксин ба Қатар ворид шавад. Ба ташхиси иловагӣ зарурат надорад.

Аммо ҳар касе  баъди санаи 1 октябри 2020 бемории  COVID 19 -ро аз сар гузаронида бошад, метавонад билет гирифта, бо нишон додани ҳуҷҷати тасдиқкунанда, вориди ин кишвар шавад, ки ниёз ба ташхиси иловагӣ надорад.

Ҳар касе, ки  COVID 19 нашуда бошад ва ё пеш аз санаи 1 октябри соли 2020 бемор шуда бошад, метавонад билет харидорӣ намояд, вале барои КОВИД 19, 72 соат пеш аз шурӯъи бозиҳо бояд ташхиси сабук шавад, ки натиҷааш манфӣ бошад.

Кишвари Қатар гуфтааст, ки барои фурӯши билет ва масъалаҳои тиббӣ дар Маркази чорабиниҳои миллии Қатар барои харидории билет ва ташхиси КОВИД 19 аз санаи 29 январ то 11 феврал ташкил карда мешавад, ки ҳамарӯза аз соати 10 то 12 субҳ ғайр аз санаи 11 феврал, ки дар он аз соати 10-и субҳ то 8-шом кор мекунад, фаъол хоҳад буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.