Гранти $10 млн аз АБР ба тасдиқ дар парлумон фиристода шуд

Грант ба маблағи 10 млн доллар аз Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР), ки узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аст, ба амалисозии лоиҳа оид ба беҳбуди хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон равона мегардад. Созишномаи 16 ноябри соли гузашта баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд  президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасдиқ ба парлумон ирсол намуд. Бино ба иттилои […]

Грант ба маблағи 10 млн доллар аз Ассотсиатсияи байналмилалии рушд (АБР), ки узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ аст, ба амалисозии лоиҳа оид ба беҳбуди хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон равона мегардад.

Созишномаи 16 ноябри соли гузашта баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд  президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тасдиқ ба парлумон ирсол намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, ҳадафи амалисозии лоиҳа – мусоидат ба беҳтар намудани фарогирӣ ва сифати хизматрасониҳои асосии кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 10 ноҳияҳои таҷрибавии қаблӣ ва 6 ноҳияи таҷрибавии нав интихобгашта мебошад.

Гуфта мешавад, минтақаи татбиқи лоиҳа ноҳияҳои Ёвон, Данғара, Балхӣ, Фархор, Қубодиён, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Деваштич, Мастчоҳ, Кӯшониён, Кӯлоб, Ҳамадонӣ, Ҷомӣ, Зафаробод, Файзобод ва Дарвозоро фаро мегирад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.