Президент камбудиҳои бахши бонкиро номбар кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарияти Бонки миллии ҷумҳурӣ дастур дод, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ба талабот мутобиқ сохта, раванди идоракунии корпоративиро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва тадриҷан афзоиш додани сармояи ойинномавии онҳоро таъмин намоянд. Сарвари давлат ҳамчунин сабаҳои асосии фаъолияти ғайриқаноатбахши низоми бонкии кишварро номбар кард. “Нокифоя будани […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарияти Бонки миллии ҷумҳурӣ дастур дод, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро бо дарназардошти таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ ба талабот мутобиқ сохта, раванди идоракунии корпоративиро дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва тадриҷан афзоиш додани сармояи ойинномавии онҳоро таъмин намоянд.

Сарвари давлат ҳамчунин сабаҳои асосии фаъолияти ғайриқаноатбахши низоми бонкии кишварро номбар кард.

“Нокифоя будани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, низоми сусти идоракунии корпоративӣ, зиёд будани хавфҳои амалиётӣ ва қарзӣ, боқӣ мондани қарзҳои ғайрифаъол, кофӣ набудани ҷалби сармоя ба низоми бонкӣ ва таъсиси намояндагии бонкҳои хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани маблағгузории корхонаҳои истеҳсолӣ аз ҷумлаи камбудиҳое мебошанд, ки бояд ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд”, – изҳор дошт ӯ зимни ироаи паём ба парлумон.

Ҳамчунин президент ба зарурати беҳбуди сифати дороиҳо дар низоми бонкӣ ва афзоиши ҳаҷми қарзҳои дарозмуҳлат ба корхонаҳои истеҳсолӣ ишора кард.

Ӯ дастур дод, ки барои ҷалби сармоягузорӣ ба низоми бонкӣ ва тавсеъаи шумори хизматгузориҳои бонкӣ бо ҷорисозии технологияҳои муосири молиявӣ ва инноватсионӣ ҷораҷӯйӣ шавад.

Зарурати роҳандозии чунин тадбирҳоро президент бо таъмини пурраи амалиёти ғайринақдӣ, ки тариқи он метавон омилҳои инсониро зимни ҳисоббаробаркуниҳои пулӣ бо аҳолӣ аз байн бурд, асоснок кард.

Зимнан Эмомалӣ Раҳмон ба болоравии сатҳи даромад ва эътимоди мардум ба бонкҳо ишора намуда, қайд кард, ки соли гузашта ҳаҷми амонатҳо дар низоми бонкӣ ба андозаи 17,2% – то 11,4 млрд сомонӣ зиёд шуд.

“Дар соли сипаришуда аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар қариб 10 млрд сомонӣ қарз дода шуд, ки нисбат ба соли 2019–ум 4,6 фоиз зиёд мебошад”, – афзуд сарвари давлат.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.