Дар Дюсселдорфи Олмон зодаи Тоҷикистон барои терроризм маҳкум шуд

Суди олии музофоти Дюсселдорф рӯзи сешанбе, 26 январ зодаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” ба 7 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад Deutsche Welle. Бино ба маълумоти тафтишот, марди 31-сола содир намудани амалҳои террористиро дар Олмон ва Албания ҳамроҳ бо гурӯҳи террористӣ, ки ба он зодагони Тоҷикистон низ шомиланд, тарҳрезӣ карда […]

Суди олии музофоти Дюсселдорф рӯзи сешанбе, 26 январ зодаи Тоҷикистонро ба иттиҳоми узвият дар созмони террористии “Давлати исломӣ” ба 7 соли зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад Deutsche Welle.

Бино ба маълумоти тафтишот, марди 31-сола содир намудани амалҳои террористиро дар Олмон ва Албания ҳамроҳ бо гурӯҳи террористӣ, ки ба он зодагони Тоҷикистон низ шомиланд, тарҳрезӣ карда буд.

Аз ҷумла ӯро дар иштирок ба суиқасди куштори сокини Нойс Амир Арабпур, ки аз дини ислом ба насронӣ гузашта буд ва дар шабакаи YouTube-и худ мусалмононро танқид мекард, айбдор донистанд. Инчунин нақшаҳои иштирок дар куштори тоҷире аз Албания бо мақсади маблағгузорӣ ба фаъолияти Давлати исломӣ низ аз ҷумлаи айбномаҳо буданд.

Айбдоршаванда қисман гуноҳи худро эътироф намуда, каме пештар аз содир шудани ҳукм иқрор шуд, ки “аз кори кардааш хеле пушаймон аст”. Прокуратура ҷазои 8,5 соли зиндонро талаб карда буд.

Дар ин мавод ному насаби маҳкумшуда зикр намегардад.

Ёдрас мекунем, ки 15 апрели соли гузашта чор нафар исломгароён аз Тоҷикистон дар маҳалҳои гуногуни Рейн-Вестфалии Шимолии Олмон боздошт шуданд.

Онҳо бо сарварии роҳбари эҳтимолии гурӯҳ Равшан Б. аз номи созмони террористии Давлати исломӣ” (ДОИШ) баргузории ҳамлаҳоро дар Олмон тарҳрезӣ карда будаанд.

Мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба Равшан Б. нимаи моҳи сентябри соли 2020 оғоз гардид.

Рӯзи 29 апрел ҳукумати Албания дар ҳамдастӣ бо Интерпол шаҳрванди Тоҷикистон – Комрон Зуҳуровро боздошт намуд, ки ӯро дар Олмон ба даст доштан дар омодакунии амалҳои террористӣ ва узвият ба гурӯҳи фаъолияташ мамнуи “Давлати исломӣ” гумонбар медонанд. Ӯро низ яке аз узви гурӯҳи Равшан Б. мешуморанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.