То охири моҳ ҳаво дар Тоҷикистон сард боқӣ мемонад

Date:

То охири ҳамин моҳ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳи Тоҷикистон ҳавои сард боқӣ мемонад.

Дар ҳамин ҳол, ҳарорат рӯзона каме гарм мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Ҷамила Байдуллоева.

“То 29 январ дар Тоҷикистон обуҳавои хунук дар назар аст. Масалан, шаби гузашта дар чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ ва як қисмати ВМКБ ҳарорат то 16-21 дараҷа хунук шуд”, – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, ҳарорат дар шарқи ВМКБ то 40 дараҷа ва дар мавзеи Булункӯл то 50 дараҷа хунукӣ поин меравад.

Номбурда ҳамчунин илова намуд, ки аз 26 январ ҳарорат 4-5 дараҷа гарм шуда, лекин бар асари ҳавои соф, дар қисмати зиёди кишвар то аввали моҳи феврал ҳаво сард боқӣ мемонад.

“Дар Душанбе то охири моҳ боридани барф дар назар набуда, рӯзона ҳаво ба ҳисоби миёна то 15 дараҷа гарм мешавад. Шабона ҳаво хунук мешавад”, – иброз дошт Ҷамила Байдуллоева.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар навбати худ хотиррасон менамояд, ки яхбандии роҳҳо аз эҳтимол дур нест. Ба ронандагон тавсия дода мешавад, ки суръати ҳаракатро зиёд накарда, бидуни зарурат аз сафар бо роҳҳои манотиқи кӯҳистон худдорӣ варзанд.

Ҳамчунин Кумита аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки қоидаҳои бехатарии сӯхторро риоя намуда, дастгоҳу таҷҳизоти барқиро бе назорат нагузоранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...