Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои пас аз сирояти ҳамагирро шарҳ дод

Ҷаласаи ҷамъбастии натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020, ки рӯзи 27 январ доир гардид, сарфи назар аз пешгӯйиҳои бархе аз коршиносон, бидуни тағйироти кадрӣ анҷом пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуд, ки соли 2020, дар маҷмӯъ, барои мардуми тоҷик соли бобарор […]

Asia-Plus

Ҷаласаи ҷамъбастии натиҷагирӣ аз фаъолияти ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2020, ки рӯзи 27 январ доир гардид, сарфи назар аз пешгӯйиҳои бархе аз коршиносон, бидуни тағйироти кадрӣ анҷом пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон кори маҷлисро оғоз бахшида, таъкид намуд, ки соли 2020, дар маҷмӯъ, барои мардуми тоҷик соли бобарор ба ҳисоб рафта, бо ҷаҳду талошҳои сокинони мамлакат бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.

Дар маҷлиси васеи ҳукумат оид ба натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар соли 2020 ҳисоботи сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода шунида шуд.

Сарвазир таъкид дошт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои марбут ба сирояти COVID-19, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба 82,5 млрд. сомонӣ баробар гардида, суръати афзоиши он дар сатҳи 4,5 фоиз таъмин гардид.

“Ба таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 9,7 фоиз, кишоварзӣ 8,8 фоиз ва гардиши савдои хориҷӣ 0,8 фоиз, аз ҷумла содирот 19,8 фоиз мусоидат намуд”, – изҳор дошт Раслзода.

Дар ҳамин ҳол, зикр шуд, ки бо вуҷуди ин, дар давраи ҳисоботӣ дар натиҷаи таъсири манфии омилҳои берунӣ ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ нисбат ба соли 2019 – 9,9 фоиз, гардиши савдои дохилӣ 6,8 фоиз, маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ 4,6 фоиз ва мусофиркашонӣ 2,5 фоиз  коҳиш ёфт.

Дар ин давра сатҳи таваррум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, асосан аз ҳисоби баландшавии нархи маҳсулоти озуқаворӣ 13 фоиз, молҳои ғайриозуқа 5,8 фоиз ва тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ 4 фоиз ташаккул ёфтааст.

Дар ҷаласа вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода, роҳбарони Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук Нусратулло Давлатзода ва Хуршед Каримзода аз натиҷаҳои фаъолияти ин сохтор ҳисобот доданд.

Зикр шуд, ки қисмати даромади буҷети давлатии Тоҷикистон аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта 100,1% ва қимсмати хароҷот – 91% ба иҷро расидааст.

Ҳамчунин дар маҷлис ҳисоботи роҳбарони дигар вазорату идораҳо, раисони шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои ҷумҳурӣ шунида шуд.

Президент ба онҳо ҷиҳати таъсиси корхонаҳои нави саноатӣ, иншооти таъиноти иҷтимоӣ, ҷалби сармоягузории ватанӣ ва хориҷӣ супоришҳои мушаххас дод.

Ҳамчунин ба сохторҳои марбута дастур дода шуд, ки барои тадриҷан барқарор намудани алорқаи ҳавоӣ бо кишварҳои ҷаҳон ва ифтитоҳи хатсайрҳои нав тадбирҳои муассир андешанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.