Ҷанҷоли дастаҳои “Конибодом”-у “Истаравшан” ба ҷаримаву барканорӣ анҷомид

Федератсияи футболи Суғд дастаи футболи Конибодомро бо ҷурми “саркашӣ аз давом додани бозӣ” 300 сомонӣ ва сарвон (капитан)-и он Илҳом Иброгимовро бинобар “рафтору кирдори ғайриварзишӣ” 2000 сомонӣ ҷарима бастааст.  Ба ҷуз ҷарима, ин футболбоз аз ҳуқуқи бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳои Лигаҳои футболи Тоҷикистон  ба муддати як сол маҳрум шуд. Рӯзи 25-уми январ дастаҳои “Истаравшан” ва “ММФ" […]

Федератсияи футболи Суғд дастаи футболи Конибодомро бо ҷурми “саркашӣ аз давом додани бозӣ” 300 сомонӣ ва сарвон (капитан)-и он Илҳом Иброгимовро бинобар “рафтору кирдори ғайриварзишӣ” 2000 сомонӣ ҷарима бастааст.  Ба ҷуз ҷарима, ин футболбоз аз ҳуқуқи бозӣ дар ҳамаи мусобиқаҳои Лигаҳои футболи Тоҷикистон  ба муддати як сол маҳрум шуд.

Рӯзи 25-уми январ дастаҳои “Истаравшан” ва “ММФ" (Конибодом) дар марҳилаи пешакии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар вилояти Суғд байни ҳам бозӣ карданд. Аммо дастаи “ММФ” аз идомаи бозии даври дуюм саркашӣ кард ва ба даста бохти техникӣ бо ҳисоби 3:0 таъин гардид.

Аҳлиддин Юнусов, котиби масъули Федератсияи футболи Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт Илҳом Иброгимов сардори дастаи Конибодом баъди анҷоми даври якуми бозӣ, ки бо ҳисоби 0:4 ба фоидаи “Истаравшан” анҷом ёфт, зимни танаффус ба доварон беэҳтиромӣ кард ва суханҳои бадахлоқона зад.

“Аз тарафи бозингарони Конибодом, хусусан капитани даста Илҳом Иброгимов бо баҳонаи он ки доварону нозирон дар куҷое ва ё ҳолате хато карда бошанд, нисбаташон  дашном, суханҳои бадахлоқона зад. Ва ҳатто кӯшиши задан аз сӯи ӯ буд, ки ин чизҳо қайд шудааст. Ҳайати дастаи “ММФ” ба даври дуюми бозӣ набаромад ва худи капитан аз майдон рафт, ки қобили қабул намебошад. Нисбати ин бозингар ҷазоҳои муайянро пешбинӣ кардем ва бобати ин рафтораш ба Федератсияи футболи Тоҷикистон мактуб ирсол менамоем то аз ҳаққи иштирок дар дигар лигаҳо низ маҳрум монад”.

Дар ҳоле бозингарону капитани дастаи “ММФ”-и Конибодом аз кори доварону нозирони бозӣ нигаронӣ кардаанд, ки бино ба гуфти Аҳлиддин Юнусов, бозӣ мебоист соати 14:00 оғоз мешуд, вале дастаи мазкур 40 дақиқа дер ба мусобиқа ҳозир шуд. 

Илҳом Иброгимов қаблан дар лигаи якуми ҳайати дастаҳои “Истаравшан” ва “Исфара” бозӣ мекард ва чанд соли ахир ба дастаи “ММФ”-и Конибодом пайваста буд. Соли 2019 низ ин бозингар аз сӯйи Федератсияи футбол огоҳонида шуда,  6 моҳ аз ҳуқуқи бозӣ маҳрум шуда буд. Котиби масъули ФФ Суғд мегӯяд, он сол низ ин футболбоз “нисбати доварон, нозир ва шахсони расмии бозӣ рафтори бадахлоқона карда буд”.

Маъмур Бегназаров, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи Конибодом ба “Азия-Плюс” гуфт, ӯ рӯзи баргузории бозӣ дар варзишгоҳи “Лочин”-и Хуҷанд ҳузур надошт ва бозингаронро директори мактаб ҳамроҳӣ мекард.

“Мо дар маҷлис нақша дорем масъалаи тарбияи футболбозонро муҳокима кунем. Нисбати Илҳом Иброгимови 38-сола, ки 20 сол инҷониб дар ҳайати дастаи мо тамрин мекунад ва солҳои охир капитани дастаи “ММФ” Конибодом мебошад, чора меандешем, баъди ин амалкардаш аз даста хориҷ мекунем”.  

Рӯзи 25-уми январ ҳамчунин баҳсҳое дар мавридӣ ҳамагӣ 65 дақиқа давом кардани бозӣ байни дастаҳои "Зарафшон"-и Ҷаббор Расулов ва "Эсхата"-и Хуҷанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд.

Аммо ин иддаоро Федератсияи футболи Суғд рад мекунад ва мегӯяд, тибқи тақвим, бозии ин дастаҳо дар ду қисм 45 дақиқагӣ ва дар умум 90 дақиқа доир шуд ва бо ҳисоби 11 бар 0 ба фоидаи “Эсхата” анҷомид. Дар ин бора “протокол ва тақвими нозири бозӣ ҳаст, ки баёнгари пурра баргузор шудани бозӣ ва шумори голҳои задашуда бо дақиқаҳояш навишта шудааст”-мегӯяд, Аҳлиддин Юнусов.

Имсол аз вилояти Суғд 10 даста барои иштирок дар марҳилаи ҷумҳуриявии Ҷоми  ФФТ байни ҳам мусобиқа мекунанд. Баъди анҷоми панҷ даври бозӣ аз гурӯҳҳои А ва В ду дастаи ғолиб интихоб ва ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбад, ки моҳи феврал дар Душанбе оғоз мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.