Вазорати энергетика: Тоҷикистон ба ҷуз Афғонистон ба ҳеч кишваре барқ содир намекунад

Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки айни замон неруи барқи Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон содирот шуда, интиқоли он ба Ӯзбекистону Қирғизистон боздошта шудааст. “Дар робита ба коҳиши маҷрои об дар ҳамаи дарёҳои кишвар дар соли гузашта, ҳакумат аллакай тобистон барои содирот маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд, то ки […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон Далер Ҷумъа зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон изҳор дошт, ки айни замон неруи барқи Тоҷикистон танҳо ба Афғонистон содирот шуда, интиқоли он ба Ӯзбекистону Қирғизистон боздошта шудааст.

“Дар робита ба коҳиши маҷрои об дар ҳамаи дарёҳои кишвар дар соли гузашта, ҳакумат аллакай тобистон барои содирот маҳдудиятҳо ҷорӣ намуд, то ки тирамоҳу зимистон аҳолӣ бо барқ мунтазам таъмин шавад”, – гуфт ӯ.

Бино ба иттилои ӯ, агар ҳаҷми содироти барқ бо соли 2019 муқоиса шавад, пас коҳиши ҳаҷм 49 фоизро ташкил медиҳад.

“Ҳозир бо хатҳои интиқоли барқ ба кишварҳои ҳамсоя ҷараёни ҳадди пасттарин (минималӣ) интиқол меёбад. Ин барои он зарур аст, ки хатҳои интиқоли барқ васлшуда боқӣ монанд”, – қайд кард вай.

Намояндаи ширкати “Барқи тоҷик” зимни нишасти хабарӣ шарҳ дод, ки “ҳарчанд хати интиқоли барқ ба Қирғизистону Ӯзбекистон бо усули “сарбаста” пайваст бошанд ҳам, ба ин кишварҳо барқ содирот намешавад”.

Қайд шуд, ки соли 2020 дар Тоҷикистон 19 млрд 770,5 млн кВт/соат неруи барқ истеҳсол шуда, аз ин миқдор 1 млрд 528,4 млн кВт/соат ба маблағи зиёда аз 56,4 млн кВт/соат ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки неруи барқи соли 2020 истеҳсолшуда 905,7 млн кВт/соат камтар дар муқоиса бо соли 2019 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио