Дар Душанбе 5 нуқтаи санҷиши сифати ҳаво насб мешавад

Дар шаҳри Душанбе 5 нуқтаи назорати сифати ҳаво насб мешавад, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза раҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон. Ба гуфтаи раиси Кумита Баҳодур Шерализода, таҷҳизот барои санҷиши сатҳи ифлосии ҳаво дар Душанбе дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр амал хоҳанд кард. “Онҳо дар мавзеи боғи Айнӣ, кӯчаи Дӯстии халқҳо, қаламрави шаҳраки […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе 5 нуқтаи назорати сифати ҳаво насб мешавад, хабар дод зимни нишасти хабарии имрӯза раҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати Тоҷикистон.

Ба гуфтаи раиси Кумита Баҳодур Шерализода, таҷҳизот барои санҷиши сатҳи ифлосии ҳаво дар Душанбе дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр амал хоҳанд кард.

“Онҳо дар мавзеи боғи Айнӣ, кӯчаи Дӯстии халқҳо, қаламрави шаҳраки Калинин, назди “Комбинати нассоҷӣ” (Текстилкомбинат) ва мавзеи бозори “Саховат” гузошта мешаванд”, – хабар дод ӯ.

Қобили зикр аст, ки вазифаи мониторинги ҳаво аз пайгирии вазъи ҷории ҳаво (атмосфера), инчуин ҷамъоварии маълумот ва таъсиси пойгоҳ дар заминаи он иборат аст.

Бино ба маълумоти сомонаи http://aqicn.org/city/dushanbe/ru/, сифати ҳаво дар шаҳри Душанбе начандон хуб аст.

Бо ёрии мониторинг Кумита оид ба назорати сифати обуҳавои пойтахт тадбирҳои дахлдор рӯйи даст мегирад.

Тибқи маълумоти Кумита, дар саросари ҷумҳурӣ ҳамагӣ 16 нуқтаи мониторинги ҳаво насб мешаванд.

Экологҳои мустақил мегӯянд, сарчашмаҳои асосии ифлосшавии обуҳавои Душанбе партобҳои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, корхонаи истеҳсоли семент ва дигар корхонаҳои саноатии пойтахт, дегхонаҳо (котелний), корхонаҳои коркард ва сӯзонандаи навъҳои гуногуни партовҳо, инчунин воситаҳои нақлиёт мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст