Оғози Лигаи футболи кӯдаконаи «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» дар саросари кишвар

7 феврал Лигаи ҷумҳуриявии футболи кӯдакон  «Футбол ба назди шумо меояд» бо сарпарастии расмии Tcell якбора дар ҳама манотиқи мамлакат шурӯъ кард. Маросими ифтитоҳии ҷашнвора дар Душанбе, Ҳисор, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб сурат пазируфтанд. Дар Душанбе ифтитоҳи ҷашнвора дар варзишгоҳи «Душанбе Арена» баргузор гардид. Беш аз 200 бозигарони ҷавони футбол – бачаҳо ва духтарон дар […]

Иттилоияи расмӣ

7 феврал Лигаи ҷумҳуриявии футболи кӯдакон  «Футбол ба назди шумо меояд» бо сарпарастии расмии Tcell якбора дар ҳама манотиқи мамлакат шурӯъ кард. Маросими ифтитоҳии ҷашнвора дар Душанбе, Ҳисор, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб сурат пазируфтанд.

Дар Душанбе ифтитоҳи ҷашнвора дар варзишгоҳи «Душанбе Арена» баргузор гардид. Беш аз 200 бозигарони ҷавони футбол – бачаҳо ва духтарон дар ин ҷо ҷамъ шуда, бо табъу рӯҳи болида ба бозиҳои Лигаи имсола оғоз бахшиданд. Ноиб-раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода ва Директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев аснои ифтитоҳи ҷашнвора ба бозигарони наврас муваффақияту комёбӣ таманно карданд.

Дар ин мавсим лига дар се категорияи синну соли кӯдакон, на бузургтар аз 7, 9 ва 11- солаҳо баргузор мешавад. Бозиҳои марҳилаи интихобӣ то моҳи апрел сурат гирифта, баъди он беҳтарин дастаҳо ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд ва ғолибон муайян мегарданд.

Дар ВМКБ оғози мавсими «Футбол ба назди шумо меояд» ба моҳи март ба таъхир гузошта шудааст.

Лигаи футболи кӯдакон «Tcell – Футбол ба назди шумо меояд» дар соли 2021 ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 20-солагии таъсиси ширкати Tcell бахшида мешавад.

Яке аз ҳадафҳои аслии лоиҳа ҷалби кӯдакон ба бозии футол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад. Бо дастгирии Лигаи кӯдаконаи «Футбол ба назди шумо меояд», Tcell дар ҳаққи насли ҷавон ғамхорӣ менамояд, зеро маҳз дар замони кӯдакӣ ба тарзи ҳаёти солим асос гузошта мешавад.

___________________

Tcell – бузургтарин ширкати мухобиротӣ дар Тоҷикистон аст, ки саҳмдори ягонаи он Хазинаи Оғохон оид ба рушди иқтисодӣ (AKFED) мебошад. AKFED – Агентии рушди байналмилалии пешбурди соҳибкорӣ ва таъсиси корхонаҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ қобил. AKFED яке аз оҷонсиҳои системаи AKDN аст, ки барои беҳтар намудани имкониятҳо ва шароити зиндагии мардумони кишварҳои рӯ ба рушд тарҳрезӣ шудаааст.

Оҷонсии AKDN барои некӯаҳволии ҳамаи шаҳрвандон, сарфи назар аз миллат, ҷинс ва ё дин фаъолият мекунад. Ҳадафи оҷонсии AKDN мусоидат ба рушди иқтисоди фаъол, сиёсӣ устувор, гуногунандешӣ ва фарҳангӣ таҳаммулпазирӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио