Вакили парлумон: “Инқилоби иттилоотии солҳои охир ба тахриби арзишҳои суннатӣ боис гардид”

Инқилоби иттилоотии солҳои охир, ки бо рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии трансмиллӣ ва пайдоиши интернет таҳрик ёфтааст, ба халалдор гардидани фазои фарҳангӣ ва арзишҳои суннатии давлатҳо ва миллатҳои гуногуни ҷаҳон оварда расонид. Дар ҷараёни кори семинар-машварат дар Душанбе раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ин хусус изҳори […]

Asia-Plus

Инқилоби иттилоотии солҳои охир, ки бо рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии трансмиллӣ ва пайдоиши интернет таҳрик ёфтааст, ба халалдор гардидани фазои фарҳангӣ ва арзишҳои суннатии давлатҳо ва миллатҳои гуногуни ҷаҳон оварда расонид.

Дар ҷараёни кори семинар-машварат дар Душанбе раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода дар ин хусус изҳори назар кард.

Тавре нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар медиҳад, семинар таҳти унвони «Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, нақши он дар ҷомеаи муосир» бо ташаббуси фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон баргузор шуд.

Ба иттилои манбаъ, Фаттоҳзода гуфтааст, ҳоло маҳфумҳои наве ба монанди «ҷанги иттилоотӣ» ва «таҳмили ақоиду ҷаҳоншиносии сунъӣ» арзи вуҷуд намудаанд, ки ҳадафи бо роҳи ташкили инқилобҳои ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм дар байни омма ба даст гирифтани қудратро доранд.

“Бо рушди технологияи иттилоотӣ дар кишвар солҳои охир имконоти нав барои таъсиси воситаҳои иттилоотии хусусӣ ва гурӯҳӣ пайдо шуда, бахши иттилоот дар ҷомеа ба воситаи қудратманди таъсиррасонӣ ва ташаккули маърифати ҷамъиятӣ табдил меёбад”, – иброз доштааст вакил.

Ӯ илова намудааст, ки дар ин замина журналистика ба сифати муҳимтарин сарчашмаи иттилоот ба яке аз рукнҳои асосии системаи сиёсии давлат ва воситаҳои муҳими идоракунии он, ташаккули маърифати ҷомеа ва афкори омма табдил мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.