Афзоиши ҷиноятҳои коррупсионӣ нисбат ба ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар

Соли гузашта судҳои Тоҷикистон 561 парвандаи марбут ба ҷиноятҳои коррупсиониро баррасӣ кардаанд. Дар ин давра дар мақомоти судии кишвар 471 ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд, хабар дод зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон рӯзи 8 феврал раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён. Ба гуфтаи ӯ, соли 2020 дар Тоҷикистон аз ҷониби судҳо 609 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Соли гузашта судҳои Тоҷикистон 561 парвандаи марбут ба ҷиноятҳои коррупсиониро баррасӣ кардаанд. Дар ин давра дар мақомоти судии кишвар 471 ҷиноятҳои марбут ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ шуд, хабар дод зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон рӯзи 8 феврал раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён.

Ба гуфтаи ӯ, соли 2020 дар Тоҷикистон аз ҷониби судҳо 609 парвандаи маъмурии марбут ба риоя накардани меъёрҳои қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ» мавриди муҳокима қарор гирифтааст.

Зикр шуд, ки аз рӯйи натиҷаи мурофиаҳои судии вобаста ба вайрон кардани меъёрҳои қонуни зикршуда 600 нафар шаҳрвандон ба маблағи умумии 2,6 млн сомонӣ ҷарима шудаанд.

Дар мавриди риоя нашудани меъёрҳои қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” соли 2020 дар мақомоти суди кишвар 15 ҳазор парванда барррасӣ шудааст: аз рӯйи натиҷаҳои он ба 5 ҳазору 929 нафар огоҳӣ дода шуда, 7 ҳазору 299 нафар ба маблағи умумии 1 млн 176,1 ҳазор сомонӣ ҷарима шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио