Дар Тоҷикистон асосан барои тиҷорат ва истеъмол қарз мегиранд

Беш аз нисфи қарзҳои амалкунандаи аз ҷониби Бонки давлатии “Амонатбонк” додашуда барои тиҷорат ва истеъмол гирифта шудаанд. Дар сохтори сандуқи қарзии “Амонатбонк” ҳиссаи тиҷорат 28,7%, истеъмол – 22,7%, кишоварзӣ – 17,5%, саноат – 10,9%, нақлиёт – 8,7%, сохтмон – 7,9%, сайёҳӣ, тандурустӣ ва хӯроки умумӣ – 3,6%-ро ташкил медиҳад. Ҳаҷми сандуқи қарзӣ (бақияи қарзҳо)-и “Амонатбонк” […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Беш аз нисфи қарзҳои амалкунандаи аз ҷониби Бонки давлатии “Амонатбонк” додашуда барои тиҷорат ва истеъмол гирифта шудаанд.

Дар сохтори сандуқи қарзии “Амонатбонк” ҳиссаи тиҷорат 28,7%, истеъмол – 22,7%, кишоварзӣ – 17,5%, саноат – 10,9%, нақлиёт – 8,7%, сохтмон – 7,9%, сайёҳӣ, тандурустӣ ва хӯроки умумӣ – 3,6%-ро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми сандуқи қарзӣ (бақияи қарзҳо)-и “Амонатбонк” ба аввали соли ҷорӣ ба 966,3 млн сомонӣ расид. Ҳудуди 40,8 ҳазор нафар то ҳол қарздорони ин бонк боқӣ мемонанд.

Имрӯз меъёри фоизи қарзҳои “Амонатбонк” бо асъори миллӣ 18-24%-и солона ва бо асъори хориҷӣ – 10-12%-и солонаро ташкил медиҳанд.

“Амонатбонк” айни замон ҳудуди сеяк (30,5%)-и ҳиссаи низоми бонкии кишварро дар даст дошта, дар сафи пеши бонкҳои низомсозӣ ҷумҳурӣ мебошад, ки миёни онҳо “Ориёнбонк” ва “Бонки Эсхата” низ ҳастанд.

Соли 2020 дороиҳои “Амонатбонк” қариб ба андозаи 20% афзуда, ба аввали соли равон 4,9 млрд сомониро ташкил доданд. Қариб дар ҳамин ҳаҷм уҳдадориҳои бонк низ дар соли гузашта зиёд шуда, акнун ба 4,5 млрд сомонӣ баробаранд. Сармояи бонк пас аз афзоиши соли пешин ба миқдори 6,8% то аввали соли равон ба 458 млн сомонӣ расид.

Соли 2020-ро “Амонатбонк” бо 51,3 млн сомонӣ фоидаи соф ба охир расонид, ки 22% зиёдтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.