Як тоҷир дар давраи коронавирус мехостаст 2 тона дорувориро ба Афғонистон қочоқ кунад

Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон аз қочоқ шудани миқдори зиёди доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар давраи ҳассоси хуруҷи коронавирус пешгирӣ кардааст. Як тоҷири шаҳрванди Афғонистон мехостааст ин маводи дорувориро семент номнавис кунаду қочоқ кунад.  Зафар Муҳамадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон  дар нишасти хабарӣ гуфт, вале кормандони гумрук ин маводро […]

Муаллиф: Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон аз қочоқ шудани миқдори зиёди доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон дар давраи ҳассоси хуруҷи коронавирус пешгирӣ кардааст. Як тоҷири шаҳрванди Афғонистон мехостааст ин маводи дорувориро семент номнавис кунаду қочоқ кунад. 

Зафар Муҳамадиев, сардори Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон  дар нишасти хабарӣ гуфт, вале кормандони гумрук ин маводро аз зери халтаҳои семент пайдо кардаву нагузоштаанд, ки ба Афғонистон биравад.

“Санаи 25 июни соли 2020 ҳангоми муоинаи гумрукии автомашинаи Дулан, рақами давлатиаш ТҶ 12 34 СУ 01 аз таги халтаҳои семент 1 т 865 кг маводи доруворӣ, антисептикӣ, ки дар ҳамон шабу рӯзи авҷи пандемия барои кишвари мо хеле зарур буд, дарёфт карданд. Шаҳрванд Олимбеков Аҳмадалӣ мехост пинҳонӣ ин маводи доруворӣ ва антисептикиро тариқи қочоқ ба ҶИ Афғонистон интиқол бидиҳад”,- гуфт Зафар Муҳаммадиев.

Ӯ ҳамчунин илова кард, ки маводи доруворӣ ва лавозимоти тиббӣ, аз қабили “Фитонефрин”, Парасетамол, дастпӯшак, витамин-В, Операзол, Метрогил, Нош-бра, Аналгин, Азитромитсин, Дексаметазона фосфатро мехостанд аз кишвар берун кунанд.

“Хушбахтона, кормандони гумрук ҳангоми муоинаи гумрукӣ ин маводи дорувориро ошкор карда, нисбати ин ҳолат парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд, – гуфт ӯ, аммо ӯ шарҳ надод, ки нисбати ин нафар бо кадом моддаи кодекси ҷиноӣ парванда боз шуду ӯ чӣ ҷазо гирифт.

Муҳаммадиев аз ҳолати дигарӣ пешгирӣ кардани воридоти маводи пастсифати хӯрокӣ ба кишвар низ хабар дод. 

Ба гуфтаи ӯ, ғайр аз ин моҳи январ як соҳибкор мехост як мошин нонҳои қоқшуда (сухарик) истеҳсоли Покистонро ба кишвар ворид кунад. Вале ба хотири ба талабот ҷавобгӯ набудан, ин маҳсулот бозпас гардонида шуд. Мутаассифона, ин соҳибкор борро ба Афғонистон баргардонда, баъди як ҳафтаи дигар мошинро иваз карда, мехост ҳамон маҳсулотро дубора вориди кишвар кунад. Аз тарафи мутахассисони гузаргоҳи гумрукии Панҷи Поён ин ҳиллаи соҳибкор ошкор шуда, нисбаташ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карданд, – гуфт сардори раёсат.

Манбаъ ҳамчунин илова кард, ки дар соли 2020 беш аз 258 тонна чойи истеҳсоли Эрон, ки ба талаботи стандартӣ ҷавобгӯ набуд, барои ворид шудан ба кишвар иҷоза дода нашуд ва ба кишвари истеҳсолкунандааш бозпас гардонида шуд.

Мувофиқи омори пешниҳодкардаи раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Хатлон, дар соли 2020 ин ниҳод 140  парвандаҳои ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ва 5 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Дар асоси парвандаҳои маъмурӣ 308 ҳазору 934 сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.