Додситонии Суғд ҳам даъвои Қирғизистон бар сари сокини Исфараро беасос медонад

Додситонии вилояти Суғд, Фурқат Абдуфаттоев як сокини 45-солаи Исфараро дар бетартибиҳои сарҳадии 13-уми марти соли 2019 дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон гунаҳкор намедонад. Дар ин бора Давлат Сафаров, сардори шуъбаи тафтишотии додситонии вилоят зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод. Ӯ гуфт Фурқат Абдуфаттоев сокини шаҳри Исфараро дар Русия бо ҷурми иштирок дар ин бетартибиҳо боздошт кардаанд, ки ба ниҳоди марбут […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Додситонии вилояти Суғд, Фурқат Абдуфаттоев як сокини 45-солаи Исфараро дар бетартибиҳои сарҳадии 13-уми марти соли 2019 дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон гунаҳкор намедонад. Дар ин бора Давлат Сафаров, сардори шуъбаи тафтишотии додситонии вилоят зимни нишасти матбуотии ин ниҳод хабар дод.

Ӯ гуфт Фурқат Абдуфаттоев сокини шаҳри Исфараро дар Русия бо ҷурми иштирок дар ин бетартибиҳо боздошт кардаанд, ки ба ниҳоди марбут ба тафтиши парвандаи ин қазияи ҷониби Русия маълумотномаҳои дахлдорро бобати дар бетартибиҳо иштирок накарднаш ирсол кардем.

“Аз ҷониби мақомоти Прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд, ки ин парвандаи ҷиноӣ аз ҷониби онҳо тафтиш карда шудааст, маълумотномаҳои дахлдор тартиб дода шуда ба Русия ирсол карда шудааст. Ва айни замон масъалаи озод кардани шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия баррасӣ шуда истодааст”.

Оғози моҳи феврал Суди ноҳияи Кугарчини Ҷумҳурии Бошқирдистони Русия қарор кард, ки Фурқат Абдуфаттоевро ба ҳабс гирифта, сипас масъалаи истирдоди ӯро ба Қирғизистон баррасӣ мекунад. Фурқат Абдуфаттоеви 45-сола бо дархости Қирғизистон барои гӯё иштирокаш дар бетартибиҳои оммавӣ зимни муноқишаҳои сарҳадӣ боздошт шуд. Қаблан ВКХ Тоҷикистон низ изҳор дошта буд, ки Абдуфаттоев таҳти ҳимояи Тоҷикистон буда, наметавонад ба Қирғизистон истирдод шавад.

Худи Абдуфаттоев зимни мурофиа дар қаламрави Қирғизистон ҳузур доштанашро ҳангоми содир шудани ҷиноятҳо, ки ӯро дар онҳо гумонбар медонанд, рад карда, қайд кардааст, ки дар Қирғизистон метавонад мавриди шиканҷа қарор гирад. Вакили дифоъи ӯ Илдар Исанбаев низ гуфтааст  барои ҳабси зерҳимояаш ҳеҷ асосе нест.

“Дар давраи баррасии қазия ҳадди ниҳоӣ ӯро ба ҳабси хонагӣ маҳкум карда метавонистанд. Ҳабс барвақт аст”, – иброз доштааст ӯ.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ВКХ Русия мактуб фиристода, дархост намуд, ки ҷиҳати ошкор кардани ҳолату сабабҳои боздошти Абдуфаттоев мусоидат карда шавад.

“Дар ҳамин ҳол, бо истинод ба узви Конвенсияи Минску Кишинёв будани Русия ва Тоҷикистон, то ошкор гардидани ҳамаи ҳолатҳои ин қазия, Русияро ба риояи моддаи 57-и Коенвенсияи Минск ва моддаи 89-и Конвенсияи Кишинёв даъват мекунем”, – қайд мешавад дар мактуби сафорат.

Бино ба маълумоти ҷониби Қирғизистон, Абдуфаттоев зимни муноқишаи сарҳадии 13 марти соли 2019 тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре қайд мешавад, Фурқат Абдуллоев дар ин вақт дар Новосибирск буда, 29 марти соли 2019 ба Тоҷикистон баргаштааст: муҳрҳои хадамоти сарҳадбонии Русия ва Тоҷикистон вуҷуд доранд. Ҳамчунин дар рӯзи аз ҷониби Қирғизистон зикршуда – 13 март ӯ маблағи патентро пардохтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио