БОР намояндаи доимии худро дар Тоҷикистон таъин кард

Бонки осиёии рушд (БОР) хонум Шенни Кэмпбелл ((Shanny Campbell)-ро намояндаи нави доимии худ дар Тоҷикистон таъин намуда, имрӯз ӯ ба иҷрои вазифаҳои худ дар ин мансаб пардохт. Хонум Кэмпбелл ба амалиёти БОР дар Тоҷикистон, коркард ва иҷрои стратегияи ҳамкории Бонкро бо кишвар барои дастгирии ҳадафҳои миллии рушд ва ислоҳот раҳбарӣ мекунад.  Шенни Кэмпбелл шаҳрванди Зеландияи […]

Asia-Plus

Бонки осиёии рушд (БОР) хонум Шенни Кэмпбелл ((Shanny Campbell)-ро намояндаи нави доимии худ дар Тоҷикистон таъин намуда, имрӯз ӯ ба иҷрои вазифаҳои худ дар ин мансаб пардохт.

Хонум Кэмпбелл ба амалиёти БОР дар Тоҷикистон, коркард ва иҷрои стратегияи ҳамкории Бонкро бо кишвар барои дастгирии ҳадафҳои миллии рушд ва ислоҳот раҳбарӣ мекунад. 

Шенни Кэмпбелл шаҳрванди Зеландияи Нав ва Британияи Кабир буда, соли 2010 аз бахши хусусӣ ба БОР ба кор гузашт. Ӯ дар 26 кишвари дунё дар соҳаҳои нақлиёту энергетика, бахши кишовразӣ ва хоҷагии об, инчунин соҳаи молия таҷрибаи 26-солаи корӣ дорад.

То таъиноти мазкур ӯ ба ҳайси сармутахассиси БОР оид ба нақлиёт, муовини намояндагии домии БОР дар Афғонистон ва дигар мансабҳо фаъолият дошт. Дорои дараҷаи магистри рушд ва бакалаври илмҳои Донишгоҳи Виктория дар Веллингтон, Зеландияи Нав мебошад.

Бону Кэмпбелл Прадип Сриваставаро иваз мекунад, ки дар мансаби намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон аз соли 2017 то моҳи декабри соли 2020 кор кард.

Тоҷикистон соли 1998 ба узвияти БОР пазируфта шуда, ин ниҳоди байнулмилалии молӣ яке аз ташкилотҳои асосии мададрасон ба ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. То имрӯз ҳаҷми маблағҳои ҷудошудаи ин ниҳод ба Тоҷикистон ба сифати қарзҳои имтиёзнок, грант ва кумакҳои техникӣ ҳудуди 2,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Бонки осиёии рушд соли 1966 таъсис дода шуд. Саҳмдорони бонк 68 кишвар буда, 49-тои он дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ҷойгиранд. Ин минтақаро шукуфо, ҳамгиро, ба ҳаёт тобовару устувор кардан ва аз байн бурдани қашшоқӣ аз ҳадафҳои БОР унвон мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.