Ҳалокати 4 кас дар роҳҳои кишвар тайи 1 шабонарӯз

Давоми як шабонарӯз бар асари садамаҳои нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 1 кӯдак, 2 зан ва 1 шахси калонсол ба ҳалокат расиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи “Опел Астра”, сокини 43-солаи ноҳияи Файзобод зани 44-солаи истиқоматкунандаи пойтахтро пахш кардааст, ки дар натиҷа зан дар беморхона ҳалок шудааст. Ҳамин рӯз ронандаи “ДЭУ-Сиэлло” сокини […]

Asia-Plus

Давоми як шабонарӯз бар асари садамаҳои нақлиёт дар роҳҳои ҷумҳурӣ 1 кӯдак, 2 зан ва 1 шахси калонсол ба ҳалокат расиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи “Опел Астра”, сокини 43-солаи ноҳияи Файзобод зани 44-солаи истиқоматкунандаи пойтахтро пахш кардааст, ки дар натиҷа зан дар беморхона ҳалок шудааст.

Ҳамин рӯз ронандаи “ДЭУ-Сиэлло” сокини 31-солаи ноҳияи Кӯшониён дар роҳ аз шаҳри Бохтар ба самти ноҳияи Ҷомӣ ноболиғи 8-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Вахшро пахш кардааст, ки дар натиҷа писарча аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар роҳи Душанбе-Бохтар, дар қаламрави ноҳияи Хуросон автомашинаи MAN Fortuna зери идораи сокини 53-солаи шаҳри Душанбе сокини 66-солаи ноҳияи Хуосонро пахш мекунад, ки дар натиҷа ӯ ҳалок мешавад.

Чорумин садамаи нақлиёти марговар дар роҳи Душанбе-Ваҳдат рух дода, ронандаи 29-солаи “ДЭУ-Нексия”, сокини ноҳияи Ховалинг, зани 37-солаи  сокини ноҳияи Рӯдакиро пахш кардааст, ки дар натиҷа зан дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, бо мақсади таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон, Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон аз 19 то 28-уми феврали соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ амалиёти «Пиёдагард»-ро мегузаронад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.