Дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳамагӣ 72 ширкат номнавис шудааст

Дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳамагӣ 72 ширкати хориҷиву ватанӣ номнавис шудааст, 25 ширкати он ширкатҳои истеҳсолӣ буда ба содироту воридот сару кор доранд. Ин нуктаро имрӯз Завқӣ Завқизода вазири рушти иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт. Аз шумораи умумии ширкатҳои сабтиномшуда, 30 ширкат дар минтақаи озоди иқтисоди (МОИ)-и "Суғд", 25 дар […]

Мӯсои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон ҳамагӣ 72 ширкати хориҷиву ватанӣ номнавис шудааст, 25 ширкати он ширкатҳои истеҳсолӣ буда ба содироту воридот сару кор доранд. Ин нуктаро имрӯз Завқӣ Завқизода вазири рушти иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт.

Аз шумораи умумии ширкатҳои сабтиномшуда, 30 ширкат дар минтақаи озоди иқтисоди (МОИ)-и "Суғд", 25 дар МОИ "Данғара", 11 ширкат дар "Панҷ", 5 дар МОИ "Ишкошим" ва 1 ширкат дар "Кӯлоб" будааст. 

Ҳаҷми умумии сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар соли 2020 43,3 миллион сомониро дар бар гирифта, ки 24,3 миллион ба минтақаи "Данғара", 16,9 миллион ба "Суғд" ва 2,1 миллион ба минтақаи "Панҷ" марбут аст. 

Ба гуфтаи вазири рушди иқтисод дар ин давра дар ин минтақаҳо бо маблағи 199,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст ва соли гузашта дар ин ҷо 1091 ҷойи корӣ фароҳам шудааст. 

Ҳамчунин вазири иқтисод гуфт, ки сарфи назар аз буҳрони коронавирус дар соли 2020 ҳаҷми содироти Тоҷикистон боло рафт. Ба гуфтаи вазир гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба $4557,8 млн расидааст, ки  0,8% ё $34,1 млн бештар аз соли 2019 мебошад.  

Ба гуфтаи ӯ соли гузашта 2020 содирот $1406,9 млн шуд, ки $232,5 млн  ( 19,8%) бештар аз соли пештар аст. Вазири ҳаҷми моли воридшударо $3 150,9 млн гуфт, ки $198,4 млн  ( 5,9 %) камтар аз соли 2019 мебошад.

Дар соли гузашта воридот асосан аз кишварҳои шарики тиҷоратӣ, аз ҷумла Чин то 27,6%, Туркия – 16,6%, Ҷопон – 29,7%, Укроин – 29,4% кам шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.