Хатарҳои “аждаҳои хуфта”. Гуфтугӯҳо дар 110-умин солгарди пайдоиши кӯли Сарез

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бахшида ба 110-умин солгарди пайдоиши кӯли Сарез мизи мудаввар баргузор гардид. Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, мавзӯи нишаст "110-солагии кӯли Сарез, роҳҳои такмили системаи назорат ва огоҳии бармаҳал" буд. Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазоратҳо, […]

Дар доираи татбиқи Лоиҳаи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон бахшида ба 110-умин солгарди пайдоиши кӯли Сарез мизи мудаввар баргузор гардид.

Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, мавзӯи нишаст "110-солагии кӯли Сарез, роҳҳои такмили системаи назорат ва огоҳии бармаҳал" буд.

Дар ҷаласа роҳбарон ва намояндагони вазоратҳо, идораҳои кишвар, Академияи илмҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, инчунин сафоратхонаҳо ва ташкилотҳои байналмилалии муқими кишвар ширкат варзиданд. Ҷаласа инчунин дар низоми онлайн баргузор гардид.

Раиси Кумита генерал-лейтенант Рустам Назарзода дар бораи чораҳои андешидаи ҳукумат оид ба мониторинг ва системаи огоҳкунии барвақтӣ дар ҳолати фавқулодда маълумот дод.

Гуфта мешавад, дар ҷараёни чорабинӣ доираи васеи масъалаҳои марбут ба кӯли Сарез баррасӣ карда шуданд. Иштирокчиён тавассути рӯнамоиҳо дар бораи таърихи кӯл, системаи огоҳкунии бармаҳал, дар бораи мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо, дар бораи системаи нави огоҳии барвақтӣ, ки моҳи августи соли 2021 ба кор медарояд ва минтақаи фарогирии онро дар сарҳад бо Афғонистон ба ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон, ки бо вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон ҳамсарҳад аст, баррасӣ карданд.

Зикр шуд, ки дар айни замон системаи мавҷудаи огоҳии пешакӣ (сиренаҳо, алоқаи радио) то минтақаи Рӯшон насб карда шудааст.

Зикр мегардад, ки ҳадафи асосии ҷаласа татбиқи минбаъдаи тадбирҳои ҳукумати кишвар дар самти пешгирӣ аз рахнашавии эҳтимолии кӯли Сарез ва интихоби роҳи ҳалли дарозмуддат дар асоси натиҷаҳо ва тавсияҳои лоиҳа оид ба коҳиш додани хатари рахнашавӣ, инчунин баррасии натиҷаҳои таҳқиқоти илмии 20 соли охир дар ин замина мебошад.

МАЪЛУМОТНОМА: Кӯли Сарез дар баландии 3263 метр ҷойгир аст. Масоҳат 79,6 км², дарозӣ 55,8 км, паҳно 3,3 км, умқ то 500 м.Кӯл дар натиҷаи баста шудани маҷрои дарёи Мурғоб, бар асари заминларзаи 18 феврали соли 1911 ба вуҷуд омадааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.