Қарзи давлатии Тоҷикистон наздик ба ними ММД мешавад

Ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон то аввали соли равон ба 3,7 млрд доллар расид, ки ба 46,8% нисбат ба ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст, хабар дод муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯз, 18 феврал. Бино ба гуфтаи ӯ, дар сохтори қарзи давлатӣ 3,2 млрд доллар (85%) ба қарзи […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми қарзи давлатии Тоҷикистон то аввали соли равон ба 3,7 млрд доллар расид, ки ба 46,8% нисбат ба ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар баробар аст, хабар дод муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода зимни нишасти хабарии имрӯз, 18 феврал.

Бино ба гуфтаи ӯ, дар сохтори қарзи давлатӣ 3,2 млрд доллар (85%) ба қарзи хориҷӣ ва 500 млн доллар – ба қарзи дохилӣ рост меояд.

Соли 2020 ҳаҷми қарзи беруна 300 млн доллар афзуда, қарзи дохилӣ баръакс, беш аз 200 млн доллар кам шудааст.

Қарзи давлатӣ дар соли гузашта дар навбати аввал, аз ҳисоби қарзи аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) пешниҳодгардида ба маблағи 190 млн доллар зиёд шуд.

Қарздиҳандаи асосӣ ба Тоҷикистон Чин (1,2 млрд доллар) мебошад.

Қарзҳо аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои байнулмилалии молиявӣ 500 млн долларро ташкил медиҳанд. Инчунин назди Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва ХБА низ қарзҳо дар ҳаҷми начандон зиёд вуҷуд доранд.

Дар сохтори қарзҳои дохилии ҷумҳурӣ зиёда аз 40%-ашро векселҳо (васиқаҳо) барои сармоягузорӣ ба ду бонки мушкилдори кишвар – “Агроинвестсонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ташкил медиҳанд.

Ҳамчунин ин қарзҳо аз ҳисоби ҷойгиркунии облигатсияҳо (вомбаргҳо) ва векселҳо (васиқаҳо)-и Вазорати молия барои бароварда кардани эҳтиёҷоти гуногуни давлатӣ ба вуҷуд омадаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки дар соли 2021 ба маблағи 453 млн доллар қарзи хориҷӣ ҷалб кунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.