Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки дар сомонаи фишингӣ қарор доред?

Сомонаҳои фишингӣ метавонанд ба маълумоти шахсии шумо, аз ҷумла бонкӣ, дастрасӣ пайдо карда ба шумо зарари молӣ расонанд. Инҷо чанд маслиҳат барои шинохтани сомонаҳои фишингӣ: Маслиҳати аввал Сатри суроғаҳоро бодиққат омӯзед. Агар пеш аз суроғаи сайт нишони баста ва ҳарфҳои https мавҷуд бошад, пайвасти шумо бо сервери сайт рамзгузорӣ шудааст. Аммо, вақтҳои охир ин гуна […]

"Се нуқта"

Сомонаҳои фишингӣ метавонанд ба маълумоти шахсии шумо, аз ҷумла бонкӣ, дастрасӣ пайдо карда ба шумо зарари молӣ расонанд.

Инҷо чанд маслиҳат барои шинохтани сомонаҳои фишингӣ:

Маслиҳати аввал

Сатри суроғаҳоро бодиққат омӯзед. Агар пеш аз суроғаи сайт нишони баста ва ҳарфҳои https мавҷуд бошад, пайвасти шумо бо сервери сайт рамзгузорӣ шудааст. Аммо, вақтҳои охир ин гуна пайвастшавӣ дар сомонаҳои фишингӣ низ пайдо шудааст.

Маслиҳати дуввум

Суроғаи худи сомонаро тафтиш намоед. Қаллобон бештар ба суроғаи сомонаҳо ҳарф ё рамзи иловагӣ ҳамроҳ мекунанд. Инчунин домен низ метавонад фарқ кунад. Барои мисол, .org ба ҷои .com Агар шумо суроғаи асли сомонаро дар ёд надоред, дар сомонаи ҷусторӣ онро ёфта муқоиса намоед.

Маслиҳати сеюм

Ба тарҳи сомона диққати махсус диҳед. Азбаски таҳияи вебсайт хеле гарон аст ва кори зиёдро талаб мекунад, қаллобон аксар вақт инро сарфа мекунанд. Хатоҳои имлоӣ, тасвирҳои пастсифат, тарҳҳои аз ҳад зиёд оддӣ ва пайвандҳои ғайрифаъол метавонанд нишонаи сомонаи фишингӣ бошанд.

Маслиҳати чорум

Ҳангоми пардохт барои харид ё хидматҳои онлайнӣ, шуморо бояд ҳатман ба саҳифаи пардохти бехатар гузаронад, яъне ба сафҳаи алоҳида бо URL-и нав. Он ҷо бояд ҳатман усулҳои маъмули пардохт, ба монанди Visa Secure, MasterCard SecureCode ва ғайра мавҷуд бошанд. Инчунин, дар саҳифа бояд логотипи фаъоли ин хизматрасониҳо нишон дода шуда бошад.

Аз ҳама муҳим, онҳо пайванди фаъол дошта бошанд ва вақти нохун задан бояд ба саҳифаҳои расмии худи ин системаҳо гузаронанд.

Боз чӣ гуна шумо метавонед худро муҳофизат кунед?

Аввалан, ҳеҷ гоҳ пайванд ё мактубҳои аз ҷониби шахсони номаълум ё шубҳанок ворид шударо боз накунед. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо ба пайвандҳои номаълум ворид нашавед, ҳамчунин ҳеҷ гоҳ равзанаҳои худкушодашавандаро боз накунед.

Дуввум, коршиносон тавсия медиҳанд, ки барои хариди онлайн корти алоҳида гиред. Шумо бояд танҳо маблағи заруриро ба он фавран пеш аз харид интиқол диҳед.

Мавод дар доираи Маъракаи рушди маърифати расонаӣ дар Тоҷикистон – “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” таҳия шудааст. Ба саҳифаи “Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!” дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Одноклассники пайваст шавед ва маърифати расонаии худро инкишоф диҳед!

Дигар маводҳои лоиҳаро ин ҷо хонед: Бидон, чиро мебинӣ!

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.

Қоҳир Расулзода: иқлим ва норасоии об ба бахши кишоварзии Тоҷикистон таҳдид мекунанд

Сарвазири Тоҷикистон дар конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ суханронӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 85

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

ВКД Русия лоиҳаи санҷишии ҷалби муташаккилонаи муҳоҷиронро барои солҳои 2027-2030 муаррифӣ кард

Мувофиқи низоми нав, ҷалби зиёда аз 1,7 млн нафар муҳоҷирони корӣ ба кишвар ба нақша гирифта шудааст.