Раҳмон бори дигар ҳимояти Тоҷикистонро аз музокироти сулҳи Афғонистон эълон кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси ҷирга)-и Шӯрои миллии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин мавзуоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз раиси Маҷлиси намояндагон (Вулуси ҷирга)-и Шӯрои миллии Афғонистон Мир Раҳмон Раҳмониро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат ҷонибҳо дар фазои ҳусни тафоҳуми комил вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, ҳамчунин мавзуоти мубрами байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Дар ин зимн Эмомаль ращмон аҳаммияти ҳамкории байнипарлумониро барои таҳким бахшидан ба равобити гуногунҷанбаи ду кишвари ҳамҷавор таъкид карданд.

Дар иртибот ба вазъи имрӯзаи Афғонистон ҷонибҳо ба раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ, ки айни замон дар ҷараён аст, таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.

Сарвари давлати Тоҷикистон зарурати дар ин замина пайдо намудани роҳҳои самарабахши истиқрори сулҳу суботи пойдорро дар Афғонистон қайд кард.

Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҷонибдории Тоҷикистонро аз иқдомот ва талошҳои пайвастаи ҳукумати Афғонистон дар ин ҷода иброз дошт.

Бо ишора ба дастгирии ҳамаҷонибаи Тоҷикистон аз ташаббусҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъмини сулҳу субот ва рушди иқтисодиву иҷтимоии Афғонистони ҳамҷавор, президенти Тоыикистон аҳаммияти дар охири моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе доир гардидани ҷаласаи сатҳи баланди ҳамоиши “Қалби Осиё – Раванди Истамбул”-ро, ки Тоҷикистон раёсати онро ба ӯҳда дорад, махсус таъкид кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо ҳамчунин алоқамандии худро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи минбаъдаи равобити судманди дуҷониба дар самтҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла дар арсаҳои иқтисоду тиҷорат ва иҷтимоиёт, минҷумла, бо инобати ҳамагирии Ковид-19, дар соҳаи тандурустӣ, иброз намуданд.

Ҳамзамон, ба зарурати таҳкими заминаи ҳуқуқии чунин ҳамкориҳо ва нақши парлумонҳо дар ин раванд ишора карда шуд.

Вобаста ба ҳамкориҳо дар соҳаи амният зарурати тақвияти шарикии ду кишвар дар мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, бахусус терроризм, ифротгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин таъмини амнияти сарҳадот махсус таъкид карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.