Аз Тоҷикистон ба Узбекистон сафар содатар шуд: боз як категорияи дигар

Душанбе ва Тошканд мувофиқа ҳосил намуданд, ки минбаъд тариқи сарҳадҳои заминии худ бемамониат ба гузаштани шаҳрвандони ҳар ду кишвар, ки дар қаламрави ҳамоякишвар хешовандони наздиконашон ба бемории вазнин гирифтор шуда ё фавтидаанд, иҷозаи убури сарҳадро диҳанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон. Ин категорияи шаҳрвандон бояд бо худ шиносномаи хориҷӣ ва барқияи […]

Душанбе ва Тошканд мувофиқа ҳосил намуданд, ки минбаъд тариқи сарҳадҳои заминии худ бемамониат ба гузаштани шаҳрвандони ҳар ду кишвар, ки дар қаламрави ҳамоякишвар хешовандони наздиконашон ба бемории вазнин гирифтор шуда ё фавтидаанд, иҷозаи убури сарҳадро диҳанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Ин категорияи шаҳрвандон бояд бо худ шиносномаи хориҷӣ ва барқияи аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда дар бораи беморӣ ё фавти хешовандонашонро дошта бошанд.

Ёдрас мекунем, ки аз 1 октябри соли гузашта Ӯзбекистон сарҳадҳояш, аз ҷумла марзҳои заминияшро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бо риояи қоидаҳои муайян боз кард.

Ситоди фаврии ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавируси Ӯзбекистон қарор кард, ки минбаъд зимни убури қаламрави ин кишвар шаҳрвандон бояд экспресс-тести пулакӣ (тақрибан 14 доллар) супоранд.

Экспресс-тест дар фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз ҳисоби пули шахсони ба ин кишвар воридшаванда гузаронида мешавад. Гузаштан аз тест 20 дақиқа вақтро мегирад.

Қобили зикр аст, ки айни замон барои равуои шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳар ду кишвар тариқи сарҳади заминӣ қисман иҷоза дода шудааст. Алҳол барои се категорияи шаҳрвандон:

– ба шаҳрвандоне, ки дар мактабҳои олии Тоҷикистон ё Ӯзбекистон таҳсил мекунанд. Вақти гузаштани сарҳад донишҷӯён бояд бо худ дафтарчаи донишчӯӣ ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирусро дошта бошанд, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст;

– ба шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар қаламрави кишвари ҳамсоя ҳамсар ё фарзандонашон ҳузур доранд. Ба онҳо низ дар баробари шиноснома пешниҳоди шаҳодатномаи ақди никоҳ, шаҳодатномаи таваллуди фарзандон ва ташхиси сироят надоштан аз коронавирус, ки на дертар аз 72 соат то замони убури марз дода шудааст, зарур мебошад;

– ба шаҳрвандони кишварҳо, ки барои убури сарҳад аз Ситодҳои ҷумҳуриявии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба  муқовимат бо коронавирус иҷозаи хаттии дахлдор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.