Чин кишвари асосии таҳвилгари кумаки башардӯстона ба Тоҷикистон боқӣ мемонад

Моҳи январи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 3,3 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Қайд мешавад, ки кумаки мазкур бо вазни умумии қариб 387,3 тонна аз ҷониби 26 кишвари саросари дунё расонида шудааст. Байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан зиёдтари қиёсӣ аз рӯйи арзиши кумаки башардӯстона ба Чин – […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Моҳи январи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 3,3 млн доллар кумаки башардӯстона ворид шуд, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Қайд мешавад, ки кумаки мазкур бо вазни умумии қариб 387,3 тонна аз ҷониби 26 кишвари саросари дунё расонида шудааст.

Байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан зиёдтари қиёсӣ аз рӯйи арзиши кумаки башардӯстона ба Чин – 38,4%, Русия – 20,0%, Ҳиндустон – 13,3%, Нидерланд – 5,7%, Британияи Кабир – 5,1%, Шветсия – 2,5%, Олмон ва Дания – 2,1%-ӣ, Малайзия – 1,8%, Фаронса – 1,7%, Лаҳистон ва ИМА – 1,4%-ӣ, Норвегия ва Сингапур – 1,0%-ӣ ва дигар кишварҳо рост меояд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта Чин ба Тоҷикистон ба маблағи 21 млн доллар кумаки башардӯстона фиристод, ки 37% аз ҳаҷми умумии чунин кумакро ташкил дод. Дар ҳамин ҳол, шумори умумии кишварҳои мададрасон ба Тоҷикистон дар соли гузашта ба 62 нафар баробар буд.

Соли 2020 ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи ҳудуди 56 млн доллар кумаки башардӯстона расид, ки вазни умумии он қариб 23 ҳазор тоннаро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаи ахир Чин ба шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфта, аз лиҳози сармоягузорӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ, инчуин пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок маввқеи пешсафро ишғол мекунад.

Ғайр аз ин, Чин ба сегонаи шарикони асосии савдои ҷумҳурӣ низ шомил буда, аз рӯйи ҳаҷми гардиши молу маҳсулот пас аз Русия ва Қазоқистон зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки аз оғози моҳи октябри соли гузашта ягона гузаргоҳи гумрукӣ дар сарҳади ду кишвар дар ағбаи Қулма баст боқӣ ммеонад, ки ба ҳаҷми гардиши мол байни давлатҳо таъсир мерасонад. Айни ҳол молу маҳсулоти Чин тариқи транзит бо кишварҳои сеюм ба Тоҷикистон оварда мешавад.

Тайи 10 соли охир кадом кишварҳо ба Тоҷикистон кумак карданд

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.