Тоҷикистон воксини “AstraZeneca”-и аврупоиро моҳи равон ворид мекунад

Тоҷикистон моҳи март воксини AstraZenecaро ворид мекунад, ки он аз сӯйи ниҳодҳои ҷаҳонӣ ва аврупоӣ таъйид шудааст. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба  «Азия-Плюс» иттилоъ дод. Бино ба иттилои манбаъ, «Тоҷикистон воксини коронавирусро тасдиқ кард ва ҳоло мунтазири ворид кардани он аст.Чунки масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби мо итмом ёфт ва мо ҳуҷҷатҳои […]

Тоҷикистон моҳи март воксини AstraZenecaро ворид мекунад, ки он аз сӯйи ниҳодҳои ҷаҳонӣ ва аврупоӣ таъйид шудааст. Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати Хадамоти санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ба  «Азия-Плюс» иттилоъ дод.

Бино ба иттилои манбаъ, «Тоҷикистон воксини коронавирусро тасдиқ кард ва ҳоло мунтазири ворид кардани он аст.Чунки масъалаи ҳуҷҷатгузорӣ аз ҷониби мо итмом ёфт ва мо ҳуҷҷатҳои зуруриро аз давлати истеҳсолкунанда барои иҷозатдиҳӣ интизорем, яъне шартномаро мо имзо карда фиристодем», – гуфт Ҷаъфаров.

Ӯ гуфт, ҳоло эмкунии 20% аҳолии кишвар ба нақша гирифта шуда, дар аввал  гуруҳҳои осебпазир, ки ба онҳо шаҳрвандони аз 70-сола боло, кормандони соҳаи тандурустӣ, кормандони гумрук ва нерӯҳои марзбонӣ шомиланд, воксиназанӣ мешаванд.. Ва ба гуфтаи номбурда, «ҳоло рӯйхати ин афрод тартиб дода мешавад. Ва баъдан шахсони аз 60-сола боло, баъд аз он – синнашон аз 50 боло эм карда мешаванд. Боқимондаи 42,5% аҳолӣ бо дигар доруҳое, ки Тоҷикистон онро дастрас мекунад, эм хоҳанд шуд».

Чаъфаров инчунин илова кард, ки истеҳсолкунандаи воксини AstraZeneca Бритониёи Кабир аст. Ва Бонки ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон барои хариди воксин 8 миллион доллар ҷудо хоҳад кард.

Қаблан 26 феврал вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода изҳор дошт, ки беш аз 6,7 миллион сокинони кишвар дар баробари  коронавирус воксин зада мешаванд. 5,8 миллион нафар бо воксини русии "Спутник V» ва 1,8 миллион нафар тибқи барномаи COVAX.

Вазири тандурустӣ таъкид карда буд, ки дар айни замон мақомоти давлатӣ бо Русия дар мавриди дарёфти воксини «Спутник V» гуфтушунид мекунанд, аммо воксини  ширкати AstraZeneca ба миқдори 732 ҳазор доза ройгон охири моҳи феврал ба Тоҷикистон ворид карда хоҳад шуд.

Ҳамчунин масъалаи воридоти ройгони воксини чинӣ дар суҳбати телефонии имрӯзи Эмомалӣ Раҳмон бо раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин баррасӣ шудааст. Вале ҳоло маълум нест, ки воксини давлати Чин ба Тоҷикистон кай ворид мешавад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 15-уми феврал Созмони ҷаҳонии Тандурустӣ дар сомонаи расмии худ иттилоъ дода буд, ки  воксини коронавируси ширкати дорусозии Бритониё ва Шветсия "AstraZeneca"-ро барои истифода  тасдиқ кард. 

Ҳамчунин бояд гуфт, ки ин  дуввумин воксин пас аз воксини Pfizer аст, ки аз ҷониби ин созмон расман тасдиқ карда шудааст. СҶТ гуфтааст, ки воксин метавонад барои ҳамаи гурӯҳҳои синни аз 18-сола  боло истифода шавад. Пештар баъзе кишварҳо онро барои пиронсолон тавсия намедоданд, менависад РБК.

"AstraZeneca" дар маъракаи эмгузаронӣ дар Британияи Кабир истифода мешавад ва барои истифода дар Кореяи Ҷанубӣ низ тасдиқ шудааст. Рӯзи 29 январ ин воксин дар Иттиҳоди Аврупо пас аз арзёбии мусбати Агентии доруҳои Аврупо низ тасдиқ карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.