Парвозҳои мунтазами Тоҷикистон бо Қазоқистону Афғонистон барқарор шуд

Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тамоси ҳавоии мунтазамро бо Афғонистону Қазоқистон барқарор кунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода. “Дар робита ба беҳбуди вазъи марбут ба коронавирус дар кишвар ва бар асоси қарори ҳукумат, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус дар бораи роҳандозии хатсайрҳои мунтазами ҳавоӣ бо Афғонистону Қазоқистон қарор қабул кард. […]

Тоҷикистон тасмим гирифт, ки тамоси ҳавоии мунтазамро бо Афғонистону Қазоқистон барқарор кунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” директори Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ Икром Субҳонзода.

“Дар робита ба беҳбуди вазъи марбут ба коронавирус дар кишвар ва бар асоси қарори ҳукумат, Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус дар бораи роҳандозии хатсайрҳои мунтазами ҳавоӣ бо Афғонистону Қазоқистон қарор қабул кард. Билетҳо баъди чанд рӯз ба фурӯш бароварда шуда, парвозҳо ба наздикӣ шурӯъ мешаванд”, – қайд кард Субҳонзода.

Ба гуфтаи ӯ, парвозҳоро бо хатсайри Душанбе – Алмаато – Душанбе ва бозпас ширкатҳои ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Эйр Остона” ва парвозҳоро ба самти Душанбе – Кобул – Душанбе ва бозпас – ширкатҳои “Сомон Эйр” ва “Кам Эйр” анҷом медиҳанд.

“Ҳар кадоме аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳафтае як маротиба як парвоз иҷро мекунад. Минбаъд шумори парвозҳо зиёд карда мешавад”, – иброз дошт ӯ.

Ӯ ҳамчунин таъкид дошт, ки дар вохӯрии корӣ Агентӣ аз ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ ва хориҷӣ талаб кард, ки ба беасос боло бурдани нархи билетҳо роҳ надода, дар ҳудуди арзиши аслиашон нархи билетҳоро танзим кунанд.

Ҳамчунин Субҳонзода қайд кард, ки ҳамаи мусофироне, ки аз Тоҷикистон ба Қазоқистону Афғонистон ва бозпас аз он ҷо сафар мекунанд, бояд ҳатман тамоми тадбирҳои эҳтиёткориро риоя намоянд.

“Мусофироне, ки дар онҳо таби баланд ё аломатҳои беморӣ ошкор мешавад, инчунин мусофироне, ки маълумотномаи гирифтор набудан ба бемории коронавирусро, ки на дертар аз 72 соати пеш аз парвоз ба даст овардаанд, бо худ надошта бошанд, ба дохили ҳавопаймо роҳ дода намешаванд”, – таъкид дошт директори Агентӣ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.