28 ҳазор сомонӣ: нархи хидмати аскарӣ маълум шуд?

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, ки масъали нархи хидмати аксарии алтернативӣ дар Тоҷикистон то кунун ниҳоӣ нашудааст. Аз ин ниҳод ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки моҳи март ин мавзуъро ниҳоӣ мекунанд ва барои расонаҳо як нишасти матбуотии хос доир мекунанд.  Аммо як манбаъ аз бахши низомии ҳукумати Тоҷикистон ба  «Азия-Плюс» гуфт, ки дар ҳоли ҳозир танҳо як […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мегӯяд, ки масъали нархи хидмати аксарии алтернативӣ дар Тоҷикистон то кунун ниҳоӣ нашудааст. Аз ин ниҳод ба "Азия-Плюс" гуфтанд, ки моҳи март ин мавзуъро ниҳоӣ мекунанд ва барои расонаҳо як нишасти матбуотии хос доир мекунанд. 

Аммо як манбаъ аз бахши низомии ҳукумати Тоҷикистон ба  «Азия-Плюс» гуфт, ки дар ҳоли ҳозир танҳо як гузинаи ҳаҷми маблағ барои хидматчиёни эҳтиётӣ баҳс мешавад, ки 25 ҳазор сомонӣ аст. 

"Вале ин маблағ ҳадди ниҳоӣ нест ва то охири моҳи март дар ин маврид ҳукумати Тоҷикистон қарор қабул мекунад",- гуфт манбаъ.

Бояд гуфт, ки порлумони Тоҷикистон 25 январ  таҳрири нави қонун "Дар бораи уҳдадории умуми ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ"-ро қабул кард, ки мутбиқи он  дар Тоҷикистон шакли нави хидмати аскарӣ барои хидматчиёни эҳтиётӣ ҷорӣ шуд. Ин шакли нав хидмат ба муддати як моҳро бо пардохти маблағи муайян пешбинӣ мекунад. Ҳамчунин ба хатмкунандаҳои донишгоҳу донишкадаҳо лозим мешавад, ки як сол дар артиш хидмат кунанд. 

Аммо "Радиои Озодӣ" бо такя ба чанд донишҷӯйи донишгоҳҳои Тоҷикистон навиштааст, ки ба онҳо гуфтаанд, ки шумо баъди хатм ё бояд 28 ҳазор сомонӣ супореду як моҳ хидмат карда  рутбаву билети ҳарбӣ бигиред ё як сол меравед хидмат мекунед. 

Бино бар тағйироти воридшуда ба қонуни сарбозӣ, ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо баъд аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.