ВКД навори гумонбар дар қатли таксиронро нашр кард.

Вазорати корҳои дохилӣ бо гузашти бештар аз ду ҳафта навори иқрории гумонбар дар ҳодисаи куштани ронандаи таксӣ дар Душанберо нашр кард. Ин гумонбар як ронандаи таксиро бо 42 зарбаи корд ба ҳалокат расонида буд. Дар ин гузориши видеоӣ иттилоъ дода мешавад,  кигумонбари ҳодисаи куштор Саймумин Муҳиддинови 21-сола аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба Душанбе омада, чанд рӯз ба […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ бо гузашти бештар аз ду ҳафта навори иқрории гумонбар дар ҳодисаи куштани ронандаи таксӣ дар Душанберо нашр кард. Ин гумонбар як ронандаи таксиро бо 42 зарбаи корд ба ҳалокат расонида буд.

Дар ин гузориши видеоӣ иттилоъ дода мешавад,  кигумонбари ҳодисаи куштор Саймумин Муҳиддинови 21-сола аз ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон ба Душанбе омада, чанд рӯз ба айшу ишрат машғул шудааст. Ва санаи 15-уми феврали соли равон барои ба даст овардани маблағи муфт бо истифодаи зуроварӣ автомашинаи (таксӣ)-и Эраҷи Эмомалиро нигоҳ медорад. 

https://www.youtube.com/watch?v=0RHumiRKLIk

Дар гузориш гуфта мешавад, ки «гумонбар бо корди қаблан муссалаҳ гаштааш ба ронанда  ҳамла намуда, аз ӯ талаби маблағи пулӣ намудааст. Сипас баъд аз шунидани ҷавоби рад ба узвҳои бадани маҳрум 42 маротиба зарба зада, бо бераҳмии махсус ба ҳалокат  мерасонад. Баъдан аз ҷайбимаҳрум 60 сомонӣ, телефони мобилӣ ва дигар  ҳуҷчатҳои номубрдаро тассаруф намуда аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад».

Худи гумонбар Саймумин Муҳиддинов зимни бозпурсӣ мегӯяд, ки «гуфтам, ки 8 сомонӣ дорам мешавад? Гуфт намешавад. Манам беақлӣ карда, дар ёдам корд зад. Кордро гирифтам ба бари манаҳаш гузоштам. Ва ӯро таҳдид кардам, мехостам пулҳояшро бигирам. Ронанда тарсид дастамро гирифт, сипас  миёнамон занозанӣ сар зад. Охир дар ёд дорам, ки аввалин корди задаам ба китфаш буд”.

Бояд гуфт, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 15-уми феврал  дар кӯчаи Деҳотии пойтахт рух дода буд. 
Айни замон нисбат ба Сайдмуминов дар додситонии шаҳри Душанбе бар асоси моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятӣ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ мавриди тафтиш аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.