Чӣ гуна ҳайати кормандони “Азия-Плюс” бонувонро табрик карданд

Иқдоми идонаи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба муносибати Рӯзи модарон ва Рӯзи байнулмилалии занон таҳти унвони “Модарони Душанбе” аз 6 то 8 март дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ҷараён гирифт. Ин иқдом, ки аллакай чор сол инҷониб доир мегардад, бо дастгирии ширкати “Оби зулол” ва тамғаи ширини он RC Cola Tajikistan, инчунин мақомоти шаҳрдории пойтахт баргузор шуд. […]

Asia-Plus

Иқдоми идонаи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ба муносибати Рӯзи модарон ва Рӯзи байнулмилалии занон таҳти унвони “Модарони Душанбе” аз 6 то 8 март дар хиёбони Рӯдакии пойтахт ҷараён гирифт.

Ин иқдом, ки аллакай чор сол инҷониб доир мегардад, бо дастгирии ширкати “Оби зулол” ва тамғаи ширини он RC Cola Tajikistan, инчунин мақомоти шаҳрдории пойтахт баргузор шуд.

Дар ин иқдом як автобуси идона ороёфта аз дар маркази шаҳр – хиёбони Рӯдакӣ равуо намуда, ҳамаи бонувонро, ки бо ин хатсайр ба ҷоеву коре мерафтанд, бо ҷашни Рӯзи модар табрику таҳният гуфта, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд. Суратгузориш ва навори видеои моро аз ҷараёни баргузории ин аксия манзуратон мегардонем.

Ширкатҳои шарики иқдоми мазкур «Сифат фарма», «Почтаи Аср», «Фабрика ширин», «American School», «Preschool», «Dahua» ва «Topegineering» дар баргузории ин аксияи мо кумаку саҳмгузорӣ карданд.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бонувони муҳтарамро бори дигар бо ҷашни Рӯзи модарон ва Рӯзи байнулмилалии занон самимона табрику таҳният гуфта барояшон тамоми хушиҳои зиндагиро таманно мекунад!

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.