Газ дар Тоҷикистон гарон мешвад: қатъи истеҳсоли гази моеъ дар корхонаи бузурги Қазоқистон

Корхонаи коркарди нафти (ККН)-и Атирауи Қазоқистон бо сабаби мушкилиҳои техникӣ истеҳсоли гази моеъро қатъ намуд, хабар медиҳад «Казинформ». Интизор меравад, ки корҳои таъмиру барқароркунӣ дар ин корхона то охири ҳамин моҳ идома меёбанд. “Дар ин робита Вазорати энергетика нақшаи таҳвили гази моеъро барои моҳи март бозбинӣ намуда, миқдор ва сохторҳои ба корхона вобастабуда байни дигар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Корхонаи коркарди нафти (ККН)-и Атирауи Қазоқистон бо сабаби мушкилиҳои техникӣ истеҳсоли гази моеъро қатъ намуд, хабар медиҳад «Казинформ».

Интизор меравад, ки корҳои таъмиру барқароркунӣ дар ин корхона то охири ҳамин моҳ идома меёбанд.

“Дар ин робита Вазорати энергетика нақшаи таҳвили гази моеъро барои моҳи март бозбинӣ намуда, миқдор ва сохторҳои ба корхона вобастабуда байни дигар корхонаҳо тақсим карда шуданд”, – омадааст дар хабар.

Ғайр аз ин, айни замон дар Қазоқистон масъалаи манъ шудани интиқоли маҳсулоти нафтӣ ба хориҷи кишвар тариқи нақлиёти автомобилӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Корхонаи Атирау дар баробари корхонаҳои Павлодар ва Чимкент яке аз се корхонаи бузурги коркарди нафти Қазоқистон мебошад.

Ёдрас мекунем, ки Қазоқистон яке аз кишварҳои асосии содиркунандаи гази моеъ ба бозори Тоҷикистон дониста мешавад. Соли гузашта ба Тоҷикистон 420 ҳазор тонна гази моеъ ворид шуд, ки зиёда аз 90%-аш ба Қазоқистон рост меояд.

Қобили зикр аст, ки гази моеъ дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ дар бештар аз нисфи нақлиёти автомобилии ҷумҳурӣ истифода мешавад.

Нархи гази моеъ дар шаҳри Душанбе аз аввали соли равон 12% – аз 4 сомонӣ то ба 4,5 сомонӣ барои 1 литр боло рафт. Ҳамзамон дигар навъҳои сӯзишворӣ барои автомобил – ббензин ва сӯзишвории дизелӣ низ қимат шуданд. Афзоиши назарраси нарх ба маводи сӯзишворӣ аз аввали моҳи март ба мушоҳида мерасад.

Тамоили болоравии нархҳоро ширкатҳои воридкунанда пеш аз ҳама, ба қиматшавии нафт нисбат медиҳанд. Нархи нафт (тамғаи Brent) аз оғози соли 2021 қариб 25% зиёд шуда, рӯзи 8 март ба сатҳи токовидӣ расид ва нишондиҳандаи 71 доллар барои 1 баррелро гузашт. Боз болоравии минбаъдаи арзиши нафт пешгӯйӣ мешавад.

Қиматшавии маҳсулоти нафтӣ ҳамчунин зиёдшавии талабот ба он дар остонаи оғози мавсими корҳои киштукор дар фасли баҳор маънидод мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.