Отамбоев дар ҳабс боқӣ монд, пешниҳоди ҳабси хонагӣ рад шуд

Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз шикояти вакили дифои раисҷумҳури собиқи ин кишвар Алмосбек Отамбоевро барои тағйир додани ҷойи ҳасби ӯ рад кард.  Замир Жоошев, вакили дифои Отамбоев ба "«Азаттик" гуфтааст, ки ӯ аз додгоҳ дархост арда буд, зерҳимояаашро таҳти ҳабси хонагӣ қарор бидиҳад, вале рад шуд.  «Амалкарди додгоҳҳо, ҳам ноҳиявӣ ва ҳам шаҳрӣ маро дар […]

Asia-Plus

Додгоҳи шаҳри Бишкеки Қирғизистон имрӯз шикояти вакили дифои раисҷумҳури собиқи ин кишвар Алмосбек Отамбоевро барои тағйир додани ҷойи ҳасби ӯ рад кард. 

Замир Жоошев, вакили дифои Отамбоев ба "«Азаттик" гуфтааст, ки ӯ аз додгоҳ дархост арда буд, зерҳимояаашро таҳти ҳабси хонагӣ қарор бидиҳад, вале рад шуд. 

«Амалкарди додгоҳҳо, ҳам ноҳиявӣ ва ҳам шаҳрӣ маро дар ҳайрат мегузорад. Ба назар мерасад, ки онҳо мунтазири фармон аз боло ҳастанд.  Онҳое, ки бо ҳамин моддаи КҶ ҶҚ гунаҳкор шудаанд, ба ҳаси хонагӣ гирифта шуданд. Онҳое, ки беморанд дар бемористонҳои хусусӣ муолиҷа мешаванд. Вале Алмосбек Отамбоевро на танҳо барои ҳаси хонагӣ раҳо намекунанд, балки имкон намедиҳанд, ки саломатияшро барқарор кунад», – гуфтааст Жоошев.

Муҳлати будубоши  Отамбоевро дар ҳабси пешакӣ додгоҳ то 7-уми апрел тамдид кардааст. 

Ҳоло раисҷумҳури собиқ дар маҳбаси №47, ҷойе, ки дар охири моҳи декабр бар асари беморӣ аз боздоштгоҳи муваққатӣ ба он ҷо бурда шуд, қарор дорад. 

Отамбоев дар мавридҳои даст доштан дар фасод, қонунӣ кардани даромадҳои ҷиноӣ, сарватандӯзии ғайриқонунӣ, ғайриқонуни соҳиб шудан ба сарватҳои табӣ ва ғайра муттаҳам мешавад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.