Бозиҳои аввали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021

Дар шаҳри Гулистон рӯзи 11 март мусобиқаи 3-юми Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 оғоз гардид, ки дар он 11 даста иштирок мекунанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар гурӯҳи “А” тими “Хатлон”-и Бохтар дастаи “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, дар вохӯрии дигар “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 1:0 бар тими “КМВА” (ЦСКА)-и Душанбе дастболо […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Гулистон рӯзи 11 март мусобиқаи 3-юми Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 оғоз гардид, ки дар он 11 даста иштирок мекунанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ФФТ, дар гурӯҳи “А” тими “Хатлон”-и Бохтар дастаи “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда, дар вохӯрии дигар “Истаравшан”-и Истаравшан бо ҳисоби 1:0 бар тими “КМВА” (ЦСКА)-и Душанбе дастболо шуд.

Гуфта мешавад, дар гурӯҳи “Б” мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳисоби 2:1 бар дастаи “Кӯктош”-и ноҳияи Рӯдакӣ пирӯз шуда, “Равшан”-и Кӯлоб ба дарвозаи ҳайати ҷавонони тими “Истиқлол”-и Душанбе 5 тӯби беҷавоб равона кард.

Ба иттилои манбаъ, бозиҳои даври дуюми мусобиқаи Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 рӯзи шанбе, 13 март баргузор мешаванд.

Мутобиқи Тартиби баргузории Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон-2021 ду дастаи бо нишондодҳои беҳтарин дар гурӯҳҳо мақоми якумро ишғол намуда, барои муаяйн кардани ғолиб дар бозии ниҳоӣ рӯзи 19 март вомехӯранд.

Инчунин, баъди ҷамъбасти натиҷаи марҳилаи гурӯҳии мусобиқа, бозиҳо барои ҷойҳои таскинбахши 3-4, 5-6, 7-8 ва 9-10 доир мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.