Тоҷикистон ба Фаронса таъсиси комиссияи ҳамкории иқтисодиро пешниҳод кард

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарранро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, Зокирзода сафирро бо оғози маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳор итминон кард, ки ҳама иқдомҳо ва ташаббусҳои дипломат аз ҷониби парлумон дастгирӣ меёбанд. Раиси палатаи поёнии парлумони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода сафири Фаронса дар Тоҷикистон Мишел Тарранро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, Зокирзода сафирро бо оғози маъмурияти дипломатиаш дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳор итминон кард, ки ҳама иқдомҳо ва ташаббусҳои дипломат аз ҷониби парлумон дастгирӣ меёбанд.

Раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ таъкид дошт, ки Тоҷикистон ва Фаронса бояд барои эҷод ва ташкили механизми самарабахши ҳамкорӣ дар шакли Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ саъйҳои иловагӣ ба харҷ диҳанд.

Зикр шуд, ки дар баробари ин, бояд форумҳои тиҷорӣ, мизи мудаввар, намоишгоҳҳо ва презентатсияҳо гузаронида шаванд, то ки ба фаъол гардидани самтҳои афзалиятнок ва умедбахши ҳамкориҳои байни кишварҳо мусоидат намояд.

Дар мулоқот инчунин зикр гардид, ки муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса тамоюли рушди босуръатро дошта, ба дурнамои дарозмуддат равона гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.